27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
06.05.2025 10:01

Эрон мехоҳад ниёзҳои саноатии Тоҷикистонро бо оҳан таъмин кунад

Саидмуҳаммад Атобак, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар доираи Намоишгоҳи Экспо-2025 мулоқот намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиро баррасӣ кард.

Саидмуҳаммад Атобак дар ҷараёни мулоқоти худ бо Шералӣ Кабир гуфт, ки Эрон бар асоси музокироти гузашта омода аст, дар бахши таъмини оҳан ниёзҳои Тоҷикистонро таъмин кунад.

“Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон комилан омодааст, ки дархости кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистонро, дар бахшҳои саноати хӯрокворӣ ба воситаи эҷоди механизми мувофиқ бо розигии тарафайн амалӣ намояд”- таъкид кард Саидмуҳаммад Атобак.

Сайидмуҳаммад Атобак бо ишора ба ниёзҳои Тоҷикистон дар хусуси бунёди корхона ва таъмини маҳсулот гуфт, ки ин корҳо бояд дар доираи созишномаи дуҷониба анҷом шавад. Вай афзуд, ки сохтмон ва таҷҳизонидани корхонаҳои истеҳсоли дору баъд аз мутобиқати стандартҳои  ду кишвар дар барномаи ҳамкориҳои дуҷониба қарор хоҳад гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.