27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
06.05.2025 09:51

Бонки рушди Осиё ба минтақаҳои Осиё ва Уқёнуси Ором 40 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад

Бонки рушди Осиё мақсад дорад то соли 2030 ҳаҷми кумак ба амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои Осиё ва Уқёунуси Ором ба 40 миллиард доллар расонад. Дар ин хусус президенти Бонк Масато Канда рӯзи 4-уми парел дар нишасти солонаи Бонк иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки 26 миллиард доллар ба маблағи 14 миллиард доллари қаблан ваъдашуда илова хоҳад шуд, ки аз он 11 миллиард аллакай ҷудо шудааст. Аз маблағи нави эълоншуда 18,5 миллиард доллар ба кумаки давлатӣ ва 7, 5 миллиард ба сармоягузорӣ ба бахши хусусӣ ихтисос дода мешавад.

Қаблан, Ӯзбекистон аз Бонки рушди Осиё қарзи 150 миллиард ва гранти 3 миллион доллар барои беҳсозии амнияти озуқаворӣ ва об дастрас карда буд.

Масато Канда зикр кард, ки хушксолиҳои бесобиқа, селҳо, гармии шадид ва коҳиши захираҳои табиӣ ба истеҳсоли кишоварзӣ таъсири ҷиддӣ расонда, амнияти озуқаворӣ ва зиндагии деҳқононро таҳдид мекунад. 

Маблағи Бонки рушди Осиё ба таҳдиди занҷираи пурраи таъминоти озуқаворӣ, аз истеҳсол ва коркард то тақсим ва истеъмол равона мешавад. Ин кумак ҳам ба лоиҳаҳои давлатӣ ва ҳам ба бахши хусусӣ равона хоҳад шуд. То соли 2030 саҳми бахши хусусӣ дар ин барнома бояд ба 27 дарсад расад.

Масато Канда, президенти Бонк афзуд, ки дар шароити болоравии нархҳо ва таваррум арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ба яке аз мушкилоти асосӣ мубаддал шудааст: “Мардум маҷбур мешаванд, интихоб кунанд: хӯрок барои оила ё роҳкиро барои расидан ба ҷойи кор”.

Роҳбари Бонки рушди Осиё гуфт, ки дар кишварҳои рӯ ба тараққии Осиё беш аз нисфи мардумон аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд. Зиёда аз 70 фоиз захираҳои обии ҷаҳон дар бахши озуқаворӣ истифода мешаванд, 50 фоиз заминҳои қобили зист ва 80 фоиз талафоти гуногунрангии биологӣ низ ба ҳамин соҳа рост меоянд. Дар бахши кишоварзии минтақа тақрибан 40 фоиз аҳолии фаъол ба кор машғул мебошанд.

“Мо бояд тарзи истеҳсоли хӯрокро тағйир диҳем, то саломатии сайёраро нигоҳ дорем”- таъкид кард Масато Канда.

Ба рақамисозӣ, беҳ сохтани қабули қарорҳо дар бахши кишоварзӣ, таҷдиди занҷираи арзиши маҳсулоти агроозуқаворӣ ва дастрасии аҳолии осебпазир ба хурока таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ҳамчунин, ба барқарорсозии хок ва гуногунрангии биологӣ сармоягузорӣ хоҳад шуд.

Бонки рушди Осиё дар ҳамоҳангӣ бо Глобал - фонди муҳити зист, фонди сармояи табииро бо ҳаҷми 150 миллион доллар таъсис медиҳад. Ин механизми нави сармоягузории омехта ташаббусҳои деҳқонон ва навоваронро дар идоракунии устувори захираҳои табиӣ дастгирӣ хоҳад кард.

Бонки рушди Осиё соли 1966 таъсис ёфта, 69 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. Бонки мазкур воситаҳои молиявӣ ва стратегӣ, рушди устувор ва фарогирро дар минтақа дастгирӣ мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.