Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия: “Ғарб ба воситаи Қазоқистон “Русофобия” дар ИДМ-ро доман мезанад”
Бархе расонаҳои русӣ бори дигар Ғарбро ба таблиғи “русофобия” дар ҳудуди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муттаҳам намуданд. Як таҳлилгари рус иддао кард, ки Ғарб ба воситаи Қазоқистон ин корро анҷом медиҳад.
Дар сомонаи “Всем!ру” дар як матлаб гузориш мешавад, ки Ғарб ба Қазоқистон ҳамчун “Украинаи дуюм” таваҷҷуҳ дорад, зеро ин кишвар дорои мавқеи стратегии муҳим аст ва шумораи зиёди аҳолии он русзабон мебошад.
Ба навиштаи муаллифи сомонаи “Всем!ру” дар солҳои 70-уми асри гузашта шумораи русҳо 1,3 миллион бештар аз қазоқҳо буд: “Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ то соли 2000-ум тақрибан 1,8 миллион рус кишварро тарк намуданд. То ибтидои соли 2024 шумораи умумии русҳо дар Қазоқистон 2, 9 миллион нафарро ташкил дод, яъне 14, 89%. Ҳол ин ки қазоқҳо 70, 4 % шудаанд. Шумораи шаҳрвандони рус бо суръат коҳиш меёбад@.
Дар вақти фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Қазоқистон 6,2 миллион рус зиндагӣ мекарданд, тақрибан 40% аҳолӣ. Яъне, тақрибан ними кишварро русҳо ташкил медоданд ва имрӯз ҳуқуқи онҳо дар Қазоқистон мунтазам поймол мешавад” – менависад сомонаи мазкур.
Дар гузориши сомонаи “Вcем!ру” таъкид мешавад, ки сохторҳои ғарбӣ таблиғ ба воситаи созмонҳои ғайритиҷоратиро амал мекунанд. Тибқи навиштаи сомона, дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 30 ташкилоти давлатӣ ва 77 ташкилоти ҷамъиятӣ ва бунёди хориҷӣ фаъолият дорад.
“Мақсади асосии тамоми лоиҳаҳои иттилоотие, ки аз сӯйи Аврупо ҳимоят мешаванд, ин ҷудо кардани афкори мардум аз Русия ва заиф кардани мавқеи он дар Осиёи Маркзист. Умуман, Қазоқистон марказе шудааст, ки аз он сохторҳои аврупоӣ русофобияро дар фазои Шӯравии собиқ паҳн мекунанд” – менависад сомонаи “Всем!Ру”.
Таъкид мешавад, ки Қазоқистон ба ҳайси пойгоҳи минтақавии лоиҳаҳои Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ амал намуда, соли 2021 дар он ҷо ҳатто “Агентии рушди байналмилалии Қазоқистон” таъсис дода шудааст.
Ин матлаб дар ҳоле нашр мешавад, ки қаблан хабаргузории “Садои Олмон” гузориш дода буд, ки Қазоқистон рӯйхати афроди мамнуъ-ул-вуруд аз Русия ба Қазоқистонро тартиб додааст. Дар он номи вакилони Думаи давлатӣ Пётр Толстой, Евгений Фёдоров, Константин Затулин, Вячеслав Никонов, мудири “ТНТ” Тина Канделаки, ровии телевизионӣ Тигран Кеосаян, файласуф Александр Дугин зикр шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”