Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боздиди бидуни огоҳӣ. Вазири маориф камбудии чанд мактабро дар Ҳисор ошкор кард
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 5-уми май Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм бо мақсади шиносоӣ аз раванди таълиму тарбия, корҳои ободонӣ, шароити синфхонаҳо ва интизоми меҳнат бидуни огоҳӣ аз як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор дидан намуд.
Манбаъ меафзояд, ки зимни боздид маълум гардид, ки дар баъзе аз муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор аз камтаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳо корҳои таълимию тарбиявӣ ва ободонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, интизоми меҳнат ва иштироки хонандагон дар дарс ба таври ҷиддӣ нигаронкунанда мебошад. “Аз ҷумла, ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 Бобоёров Зокирҷон ва муовини директор оид ба хоҷагидорӣ Муҳиддинов Маҳмадшоҳ дар вақти корӣ бе сабабҳои узрнок дар кор ҳузур надоштанд”, - омадааст дар хабарнома.
Санҷиши бидуни огоҳии вазир маълум кардааст, ки дар синфи 9 «А»-и муассисаи мазкур аз шумораи 33 нафар хонанда 22 нафар иштирок дошта, 14 нафар ё ин ки 38,8%-и хонандагон иштирок надоштанд. Мувофиқи ҷадвали дарсии синфи мазкур мебоист ҳар як хонанда 6 китоби дарсиро бо худ дошта бошад, вале онҳо аз 2 то 3 китоб овардаанд. Ҳамчунин, зикр мегардад, ки аз 22 нафар хонанда, ягон нафар ба одитарин саволҳои пешниҳодшда, аз ҷумла, муаррифии худ ба забонҳои русӣ ва англисӣ, муодилаҳои одӣ аз синфи 7 ва технологияи иттилоотӣ чист, ҷавоб гардонида натавонистанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”