Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Омадани сел ва тӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ мешавад
Бинобар иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 6-ум ва 7-уми майи соли равон омадани сел ва аз 8-ум то 10-уми май тӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки рӯзҳои 6-ум ва 7-уми майи соли равон бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта аз эҳтимол дур нест.
Ҳамчунин, ин ниҳод маълумот медиҳад, ки аз 8-ум то 10-уми майи соли ҷорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ мешавад, ки аз шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии ҷумҳурӣ ба вуҷуд меояд.
Бинобар ин, тавсия дода мешавад, ки дар рӯзҳои гуфташуда кӯдакон ва наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, одамони гирифтори бемориҳои системаи нафаскашӣ (астма, бронхит, бемориҳои музмини шуш), одамони гирифтори бемориҳои дилу раг, шахсони масуният (иммунитет)-и сустдошта бе зарурат аз хона набароед.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”