Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳусиҳои Яман ба майдони ҳавоии Тел-Авив ҳамла карданд. 6 нафар кушта шуд
Аз субҳи имрӯз дар ҳоле, ки минтақаҳои мухталифи Яман аз сӯйи неруҳои ҳавоии Амрико ва Британия мавриди бомбаборон қарор гирифтанд, Артиши Яман майдони ҳавоии Бен Гуриони Тел-Авивро мавриди ҳамлаи мушакии ҳайперсоник қарор дод.
Дар натиҷаи ҳамлаи ҳусиҳои Яман шаш нафар исроилӣ кушта шуд ва дар фурудгоҳи Бен Гуриони Тел-Авив таътил эълон шуд. Ҳамчунин, дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ 3 миллион сокинони Тел-Авив ба махфигоҳҳо паноҳ бурданд.
Расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки мушак дар минтақаи истгоҳи сеюми фурудгоҳи Бен Гурион суқут намуда, дуд ва оташи шадидро барангехтааст ва ҳаракати ҳавопаймоҳо ва қатораҳо қатъ шудааст.
Дар ибтидо артиши Исроил эълон кард, мушакро маҳв кардааст, вале пасон маълум шуд, ки мушак ба нуқтаи мавриди назар бархӯрд кардааст. Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки системаи дифоии Исроил наметавонад ҳамлаҳои мушакии ҳусияҳои Яманро беасар кунад.
Шабакаи телевизионии 12-уми Исроил гузориш дод, арзёбии ниҳодҳои амниятӣ нишон медиҳад, ки системаҳое чун “Ҳитс-3” ва “ТХААД”, ки барои дифоъ аз ҳамлаҳои мушакӣ истифода мешаванд, дар боз доштани мушаки партобшуда аз Яман ноком мондаанд.
Мақомоти Исроил нигаронанд, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакии артиши Яман ширкатҳои ҳавоии хориҷӣ парвози хатсайрҳои худро қатъ кунанд. Расонаҳои Ирсоил хабар доданд, ки як ҳавопаймои ҳиндӣ аллакай аз сафар худдорӣ кардааст. Ҳамчунин, чанд ширкати ҳавоии аврупоӣ парвозҳои худ ба Тел-Авивро боз доштаанд.
Бар асоси гузориши расонаҳои исроилӣ бархӯрди мушак дар майдони ҳавоӣ сурохии ба умқи 25 метрро ба вуҷуд овардааст. Полиси Исроил аз сокинон хост, ки ба фурудгоҳ наздик нашаванд. Бар асоси таҳлили коршиносони исроилӣ ҳамлаи мушакии Яман аз оғози ҷанг то кунун хатарноктарин будааст. Рӯзномаи “Маарив” низ онро як “драмаи ҷаҳонӣ” хонд.
Бенямин Нетаняҳу ва бархе мақомоти исроилӣ баъди ҳамлаи мушакии артиши Яман, Эронро таҳдид карданд.
Дар вокуниш ба таҳдиди мақомоти исроилӣ масъулони эронӣ гуфтанд, ки ҳамлаи артиши Яман ба хоки Исроил тасмими мустақилонаи онҳост ва Эрон нақше надорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”