27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
05.05.2025 15:38

“Аз ҳар кишваре ба Эрон ҳамла шавад, Эрон ба он кишвар ҳамла мекунад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, аз ҳар кишваре, ки бар зидди Эрон ҳамлаи низомӣ сурат гирад, Эрон ба он кишвар ҳамла хоҳад кард. Ӯ гуфт, ки чунин вокуниш бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ гирифта хоҳад шуд. Исмоил Бақоӣ афзуд, ки Эрон дар дифоъ аз худ ҳеч шакке надорад.

Исмоил Бақоӣ рӯзи душанбе, 5-уми апрел дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки агарчи Эрон мехоҳад бо кишварҳои минтақа, махсусан бо ҳамсоягон муносибати хуб дошта бошад, аммо дар сурати анҷом нагирифтани ҳар гуна ҳамла аз хоки як кишвари сеюм ба Эрон, он нуқта дар доираи ҳуқуқи байналмилал мавриди ҳамла қарор дода хоҳад шуд.

Ин изҳорот дар шароите садо медиҳад, ки танишҳои амниятӣ дар минтақа, махсусан вобаста ба Исроил ва таҳаррукоти Иёлоти Муттаҳида афзоиш ёфтаанд. Дар ҳафтаҳои ахир Теҳрон ва Вашингтон се даври музокироти атомӣ анҷом доданд ва даври чоруми ин музокирот, ки бояд рӯзи 3-уми май баргузор мешуд, ба таъхир гузошта шуд. Ин таъхир боиси ба вуҷуд омадани фазои ноустувор шудааст.

Исмоил Бақоӣ бо радди иддаоҳо дар хусуси нақши Эрон дар минтақа гуфт: “Эрон дар минтақа на намоянда дорад ва на ниёз ба намоянда. Намояндаи як қудрати дигар дар минтақа Исроил аст, ки мутаассифона минтақаи моро ба ноамнӣ ва сесуботӣ кашидааст”.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар бахши дигари изҳороти матбуотиаш дар хусуси Барномаи атомии Эрон ва фишорҳои байналмилалӣ гуфт: “Агар хостаҳои Амрико ин аст, ки Эрон бомбаи атомӣ надошта бошад ва дар ин замина росткорӣ вуҷуд дошта бошад, бисёре аз масоил қобили ҳал аст”.

Президенти Амрико Доналд Трамп дар тозатарин изҳороти худ гуфт, ки ИМА фақат дар ҳолате мувофиқа хоҳад кард, ки Барномаи атомии Эрон ба таври комил барчида шавад. Ӯ афзуд, ки омодааст, назари Эронро дар хусуси барномаи атомии ғайринизомӣ ва сулҳомези Эрон бишнавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.