Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
50 ҳазор сомонӣ. Ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумакпулӣ медиҳанд
Сомонаи “Sputnik Тоҷикистон” бо такя ба маълумоти Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати кишвар иттилоъ медиҳад, ки имсол ба ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон 50 ҳазор сомонӣ дода мешавад.
Бинобар иттилои дастрас, дар ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт ҳастанд ва мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадоме кумакпулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ расонида мешавад.
Гуфта мешавад, ки кумакпулии мазкур то 9-уми май ба дасти собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мерасад.
Ёдовар мешавем, ки ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони Президенти мамлакат ва раисони шаҳру вилоятҳо, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ қадрдонӣ мешаванд.
Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳоли ҳозир 8 нафар дар вилояти Хатлон, 5 нафар дар ноҳияҳои тобеи марказ, 2 нафар дар вилояти Суғд ва 2 нафар дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”