Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Раисони Рашту Тоҷикобод аз рафти барқарорсозии офатҳои табиӣ ба Президенти кишвар гузориш доданд
Имрӯз, 5-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода таъкид намуданд, ки корҳо доир ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарорсозии хонаву иншооти зарардида ва сохтмони манзилҳои нави зист барои оилаҳое, ки хонаҳояшон комилан вайрон шудааст, бояд бо сифати хуб ва суръати баланд ба роҳ монда шаванд.
Раисони ноҳияҳои мазкур дар навбати худ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корҳои барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва ҳам сохтмони хонаву муассисаҳои нав идома дорад.
Ҳамчунин, онҳо гузориш доданд, ки дар пайи расидани кумакҳои саривақтӣ, аз қабили хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, хаймаҳои зист, маводи сохтмонӣ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва бо ҷалби қувваи кофии корӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои низомӣ бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ бо суръати баланд иҷро шуда истодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”