Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Таърихсозӣ. 11 медали ҷудочиёни тоҷик дар "Dushanbe Grand Slam-2025”
Аз 2-юм то 4-уми май дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam-2025” баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик 11 медали мусобиқаро ба даст оварданд.
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 варзишгари тоҷик (28 мард ва 8 зан) иштирок намуда, 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба хазинаи варзишии Тоҷикистон ворид карданд.
Медали тилло:
Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг)
Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг)
Сомон Маҳмадбеков (-81 кг)
Темур Раҳимов (+100 кг)
Медали нуқра:
Меҳрзод Суфиев (-60 кг)
Обид Ҷебов (-66 кг)
Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг)
Медали Биринҷӣ:
Мадина Қурбонзода (-52 кг)
Ёсин Бобокалонов (-66 кг)
Абубакр Шеров (-73 кг)
Кароматулло Ҳакимов (-100 кг)
Ёдовар мешавем, ки нишондоди мазкур, яъне дар як мусобиқаи Grand Slam 11 медал ба даст овардан бори аввал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”