Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Раҷаббой Аҳмадзода дар Конибодом Боғи Истиқлол ва ду варзишгоҳро ифтитоҳ кард
Дар ҷараёни сафари раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом як қатор иншоотҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла боғчаи фарҳангӣ-фароғатии Истиқлол баъди навсозии ду майдони муосири варзишӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Фирӯзоба ва Патар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки Боғи Истиқлол баъд аз навсозӣ бо беш аз 20 аттраксиони нав, нуқтаҳои фурӯши нӯшокиҳои сард, ҷойҳои нишасту бозии кӯдакон ва макон барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ таъмин гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки навсозии боғи марказии шаҳр бо ташаббус ва дастгириҳои доимии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст. Ӯ афзуд, ки “Ободу зебо гардонидани шаҳр ва беҳтар намудани шароити фароғати сокинон аз афзалиятҳои муҳимми барномаи давлатии рушди минтақаҳо ба шумор меравад”.
Масоҳати Боғи Истиқлол 1,7 гектарро ташкил дода, он ба макони машҳури фароғатии кӯдакон ва калонсолон табдил шудааст.
Ҳамчунин, Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафараш ба шаҳри Конибодом дар маросими ифтитоҳи ду майдони варзишӣ ширкат намуд. Яке аз ин майдонҳо дар ҳудуди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №37, воқеъ дар деҳаи Ҳисораки ҷамоати Фирӯзоба бунёд гардидааст. Варзишгоҳ бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ бо ҳашар сохта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”