Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар ҳамлаҳои бераҳмонаи Исроил ба Ғазза 30 ғайринизомӣ кушта шуданд
Созмони мудофеаи шаҳрвандӣ дар Навори Ғазза эълон кард, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавоии артиши Исроил ба хона ва макони паноҳандагон дар Навори Ғазза, рӯзи шанбе тақрибан 30 фаластинӣ кушта шуданд.
Маҳмуд Басал, сухангӯи ин ниҳод гуфт, ин ҳамлаҳо минтақаҳои гуногунро, аз ҷумла Аш-Шуҷоия – дар шарқи Ғаззаро ҳадаф қарор доданд, ки танҳо дар як ҳамла 10 узви як оила кушта шудаанд.
Ин ниҳод ҳамчунин, хабар дод, ки дар ҳамлаи ҳавоии дигаре ба урдугоҳи Хон-Юнус дар ҷануби Ғазза 11 фаластинӣ, аз ҷумла се тифли навзод кушта шуданд. Маҳмуд Басал гуфт, ки ҳамла ба хонаи хонаводаи Ал-Байрам дар ин урдугоҳ равона шуда буд.
“Дар миёни қурбониён чор кӯдак ҳастанд, ки се нафарашон навзод, яке фақат якмоҳа ва дуи дигар яксола буданд”- зикр кард Маҳмуд Басал.
Сухангӯи дифои шаҳрвандӣ ҳамчунин, гуфт, ки дастаҳои наҷот ва ихтиёриён ҷасади 10 қурбонии дигарро берун оварданд, ки баъзеи онҳо пора-пора шуда буданд. Инҳо шахсоне буданд, ки шаби гузашта бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил ба як хона дар маҳаллаи Шуҷоияи Ғазза ҷони худро аз даст доданд.
Аз ҷониби дигар, сарчашмае дар Вазорати корҳои дохилии Ғазза хабар дод, ки артиши Исроил субҳи шанбе чанд хона дар Рафаҳ ва дар минтақаи ат-Туфаҳ, дар шимолу шарқи шаҳри Ғаззаро тарконда аст.
Сарчашмаҳои тиббӣ дар Фаластин рӯзи шанбе хабар доданд, ки духтари хурдсоле бар асари гуруснагӣ ва набуди оби ошомиданӣ дар шаҳри Ғазза ҷони худро аз даст дод. Бо ин, шумораи қурбониёни норасоии ғизо дар Навори Ғазза ба тақрибан 54 нафар расид.
Тибқи гузориши хабаргузории “Вафо” –и Фаластин ин кӯдак бо номи Ҷанон Солеҳ ас-Сакафӣ дар бемористони ар-Рантисӣ дар ғарби шаҳри Ғазза фавтидааст. Сабаби марги ӯ норасоии шадиди ғизо, ки аз гуруснагии густурдаи минтақа бармеояд, эълон шудааст.
Расонаҳо меафзоянд, ки тақрибан 60 ҳазор кӯдак бар асари муҳосираи сахти Исроил ва баста будани гузаргоҳҳо ва монеа дар расидани кумакҳои башардӯстона дар 64 рӯзи ахир бо гуруснагии шадид ба сар мебаранд.
Сандуқи дӯкони Созмони Милали Муттаҳид қаблан ҳушдор дода буд, ки беш аз 96 дарсади занон ва кӯдакон дар Навори Ғазза дигар наметавонанд ниёзҳои ғизоии асосии худро таъмин кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”