27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
03.05.2025 14:10

Ироқчӣ: “Эрон ҳаққи доштани чархаи комили сӯхти атомиро дорад”

Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Эрон ҳамчун кишвари имзокунандаи Созишномаи НПТ (Созишномаи паҳн накардани силоҳи атомӣ) “комилан ҳаққи доштани чархаи комили сӯхти атомӣ” –ро дорад. Аббос Ироқчӣ ин масъаларо яке аз нуқтаҳои “калидӣ” дар музокирот бо Амрико унвон кард.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико чанде қабл дар як мусоҳиба гуфт, ки Эрон бояд ғанисозии уран ва сохтани мушакҳои дурпарвозро қатъ кунад. Ин ду хостаест, ки мақомоти эронӣ онро хати сурх дар музокирот эълон кардаанд.

Аббос Ироқчӣ дар вокуниш ба изҳороти Марко Рубио дар шабакаи “Х” чунин навишт: “Ман аз муҳокимаи оммавии унсурҳои калидии музокирот ба воситаи расонаҳо ба таври усулӣ худдорӣ мекунам. Аммо он чӣ мехоҳам бигӯям, ин аст, ки такрори дурӯғ воқеиятҳои асосиро тағйир намедиҳад”.

Вазири корҳои хориҷии Эрон афзуд, ки мавқеъгириҳои шадид ва суханҳои таҳрикдиҳанда ҷуз барбод додани шонси муваффақият чизе ба даст намедиҳад.

Дар соатҳои ахир, бо ба таъхир афтидани даври чоруми музокирот  мақомоти Амрико бо шеваҳои мухталиф Эронро таҳдид мекунанд.

Доналд Трамп, президенти Амрико гуфт, ки ҳеч кишвар ҳақ надорад аз Эрон нафт харидорӣ кунад ва Пит Ҳегест, вазири дифои Амрико ҳушдор дод, ки  Эрон аз ҳимояти ҳусиҳо даст бардорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.