27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
03.05.2025 08:51

Исроил 20 ҳамлаи маргбор барои ҳимояи дарузиҳо дар Сурия анҷом дод

Бо шиддат гирифтани низоъ миёни ҳукумати нави Сурия ва мардуми дарузиҳо Исроил ҳамлаҳои густурдаеро дар бархе минтақаҳои Сурия анҷом дод. Расонаҳо хабар доданд, ки Исроил чанд ҳадафро дар назди қасри президентии Сурия дар шаҳри Димишқ мавриди ҳамла қарор додааст.

Ҳукумати Исроил эълон кард, ки ҳамлаҳо ба шаҳри Димишқ “паёми рӯшан” ба ҳукумати Сурия аст, то ба аққалияти дарузиҳо осеб нарасонад. Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гузориш дод, ки дар муддати хеле кам Исроил бо беш аз 20 маротиба ҳадафҳои низомӣ анҷом додааст.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан руҳониёни дарузӣ ва гурӯҳҳои шибҳанизомии пуштибони онҳо аз вафодории худ ба ҳукумати муваққатии Сурияи зери роҳбарии Аҳмад аш-Шаръ таъкид намуда буданд.  Онҳо бо пахши баёнияе аз ҳукумати ҷадиди Сурия хостанд, ки масъулини маҳаллии вилояти Сувайдо – маркази ҷамъияти дарузиҳоро - аз худи аққалияти дарузиҳо таъйин кунад.

Даргирӣ миёни дарузиҳо ва неруҳои амниятии ҳукумати нави Сурия дар як ҳафтаи ахир шиддат гирифтааст. Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ дар минтақаҳои Ҷармана ва Саҳная дар наздикии шаҳри Димишқ беш аз 100 нафар кушта шудаанд.

Хабаргузории давлатии Сана хабар дод, ки дар як ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Исроил ба як ферма дар Сувайдо чор нафар аз низомиёни дарузӣ кушта шуданд. Тибқи гузориши ин расона, дар беш аз 20 ҳамлаи рӯзи ҷумъаи Исроил ба шаҳри Димишқ, Лозиқия ва Ҳамо як нафар кушта ва чаҳор нафар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории фаронсавии “Франс-пресс” гузориш дод, ки садои таркишҳои ҳосилшуда аз ҳамлаҳои субҳи ҷумъаи Исроил дар наздикии қасри Аҳмад аш-Шаръ дар шаҳри Димишқ дар тамоми Сурия шунида шудааст.

Сухангӯи арабзабони артиши Исроил Увихай Адраӣ бо нашри баёнияе аз ҳамлаҳои ҷангандаҳои Исроил дар наздикии қасри Аҳмад аш-Шаръ дар шаҳри Димишқ хабар дод.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил  баъди ҳамлаҳои артиши Исроил гуфт, ки ин ҳамлаҳо “паёми рӯшан” ба ҳокимони нави Сурия аст: “Мо иҷозати истиқрори неруҳо дар ҷануби Димишқ ё эҷоди ҳеч гуна таҳдид бар зидди дарузиҳоро намедиҳем”.

Дафтари президенти Сурия ҳамлаҳои суратгирифтаро “шиддатёбии хатарнок бар зидди ниҳодҳои давлатӣ” номида, Исроилро ба ноором сохтани вазъ дар Сурия муттаҳам кардааст.

Антониу Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаҳои Исроилро нақзи ҳокимият дар Сурия донист ва онро маҳкум кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.