Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Замир Кобулов аз посухи суоли ба расмият шинохтани Толибон худдорӣ кард
Намояндаи хоси президенти Федератсияи Русия Замир Кобулов аз посух ба суол дар бораи ба расмият шинохтани Толибон худдорӣ кард. Ӯ ба пурсиши ин ки оё Русия омодааст, гурӯҳи террористии Толибонро ба расмият шиносад, гуфт, ки “ҳамкорӣ миёни Маскав ва Кобул ба сурати де-факто идома дорад”.
“Қарори Суди Олии Русия вобаста ба хориҷ кардани Толибон аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ, саранҷом тамоми монеаҳои ҳамкории ҳамаҷониба дар заминаҳои мухталифро аз байн мебарад ва омадани сафири Толибон ба Маскав ба ин мавзуъ нуқтаи поёни қатъӣ хоҳад гузошт” – гуфт Замир Кобулов.
Замир Кобулов дар хусуси номзадии Толибон барои сафирӣ дар Маскав изҳори беиттилоӣ кард ва гуфт, ки Маскав мунтазири сафири Толибон аст.
Замир Кобулов дар хусуси муборизаи гурӯҳи террористии Толибон бо гурӯҳи террористии ДОИШ гуфт, ки “Мо талошҳои Толибон дар мубориза бо шохаи афғонии Хуросони ДОИШ, ки идеологияи радикали ҷаҳоди ҷаҳониро тарғиб мекунад, мебинем”.
Ӯ афзуд, ки шохаи хуросонии ДОИШ душмани муштараки Русия ва Толибон ҳастанд ва Маскав аз тариқи сохторҳои тахассусӣ бо ин гурӯҳ мубориза хоҳад бурд.
Намояндаи хоси Президенти Русия ҳамчунин, гуфт, ки Русия омода аст дар бораи Афғонистон бо Амрико ва Ғарб ҳамкорӣ кунад: “Мо интизор дорем, ки онҳо рӯйкарди созандаи худро дар амал нишон диҳанд ва аввал аз ҳама қадамҳоеро барои озодии дороиҳои Афғонистон бардоранд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”