Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Роҳбари амр бар маъруфи Толибон дар Бадахшон як занро таҷовуз кардааст
Расонаҳои афғонистонӣ хабар медиҳанд, ки дар вилояти Бадахшони Афғонистон як узви гурӯҳи Толибон бо номи Мулло Абдулборӣ, писари Мавлавӣ Сайфуллоҳ ва сокини деҳаи Варсаки маркази Файзобод ба як зан дар боғи махсуси занонаи ин вилоят таҷовуз кардааст.
Тибқи иттилои расида, ин шахс корманди бахши амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон буда, ин амали вай боиси ҳомиладор шудани зан шудааст.
Манобеъ аз Бадахшон ба расонаҳо гуфтаанд, ки Мулло Абдулборӣ ба хотири пинҳон мондани сири таҷовуз ба зан 60 ҳазор афғонӣ додааст, ки кӯдаки батнашро тоза кунад. Вале, баъди нокомӣ барои исқоти ҳамл зан хушкушӣ кардааст.
Тибқи иттилоъ, ин зан баъди ин ҳодиса ба воситаи афроди вобаста ба бахши боғи занонаи Толибон наҷот дода шудааст, вале Мулло Абдулборӣ то ҳол боздошт нашуда, дар озодӣ ба сар мебарад.
Ин ҳодиса дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки қаблан низ роҳбарони Толибон борҳо барои анҷоми хушунати ҷинсӣ ва нақзи ҳуқуқи занон забонзад шудаанд.
Амалҳои ғайришаръии Толибон дар ҳолест, ки онҳо худро масъули татбиқи шариат медонанд ва агар афроди одиро бо чунин амалҳо боздошт кунанд, онҳоро сангсор мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”