27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
02.05.2025 07:58

Аббос Ироқчӣ: “Барномаи ҳастаии Эрон то абад сулҳомез боқӣ мемонад”

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ироқчӣ гуфт, ки барои поёни таҳримҳо ва эҷоди фазои эътимод Барномаи атомии Эрон то абад сулҳомез боқӣ хоҳад монд.

Аббос Ироқчӣ гуфт, ки мавқеи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ёфтани роҳи ҳал барои Барномаи атомии Эрон аз тариқи музокира тағйир наёфтааст.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар се давраи музокироти Амрико бо Эрон ширкат намуд, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” чунин навишт: “Дар воқеъ, мо беш аз ҳар замони дигаре мусаммам ба дастёбӣ ба як созише, ки поёни таҳримҳоро таъмин кунад ва дар хусуси ин ки Барномаи атомии Эрон барои ҳамеша сулҳомез боқӣ монад, эътимодсозӣ кунад, зимни он ки тазмин шавад, ҳуқуқи Эрон ба таври комил риоят хоҳад шуд”.

Ин изҳороти Аббос Ироқчӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки даври чоруми музокироти атомии Эрон, ки бояд дар Рим баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст. Аббос Ироқчӣ дар пайи таъхир ва тавфиқи музокироти атомӣ эълон кард, ки дар “ҳамоҳангӣ бо мақомҳои Уммон ва амрикоӣ” тасмим ба тавқифи давраи чоруми музокироти атомӣ гирифта шуд. Ӯ сабаби тавқифи давраи чоруми музокиротро “техникӣ ва логистикӣ” тавсиф кард.

Расонаҳо чанде қабл навиштанд, ки музокироти даври чоруми атомии Эрон бо Амрико ба таъхир гузошта шудааст.  Давраи чоруми музокироти Эрон ва Амрико бояд дар Рими Италия бо миёнравии Уммон баргузор мешуд.

Ба таъхир гузошта шудани музокироти атомии Эрон ва Амрико дар ҳолест, ки дар Кохи сафед тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Доналд Трамп ду мақоми аршади ҳукуматашро барканор кард. Президенти Амрико Майкл Уолтз, мушовири амнияти миллии Амрикоро барканор ва ба ҳайси намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид таъйин кард. Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико муваққатан ба ҳайси мушовири амниятии Амрико таъйин шуд ва ҳамзамон вазифаи Вазири корҳои хориҷии Амрикоро бар уҳда дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.