27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
01.05.2025 19:19

Қазоқистон барои сармоягузорони хориҷӣ “раводиди тилоӣ” содир мекунад

Ҳукумати Қазоқистон қоидаҳои нави гирифтани низоми раводидро барои сармоягузорон ҷорӣ кард, ки ҳадафаш осон намудани раванди кори онҳо хоҳад буд.

Бар асоси ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон қоидаҳои нави гирифтани раводиди сармоягузорӣ тасдиқ шуданд, ки ҳадафи  он таҳкими ҷаззобияти сармоягузорӣ дар Қазоқистон ва дастгирии ҳамкориҳои дарозмуддати тиҷоратӣ мебошад.

Тибқи қоидаи нав шаҳрвандони хориҷие, ки на камтар аз 300 000 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сармояи оинномавии ширкатҳои қазоқӣ ё коғазҳои қиматноки маҳаллии дорои эмиссия сармоягузорӣ кардаанд, метавонанд дархости электрониро барои гирифтани раводиди сармоягузорӣ пешниҳод кунанд.

Таъкид мешавад, ки ин “раводиди тилоӣ” имкони гирифтани иҷозатномаи ҷойи зист дар Қазоқистонро ба муҳлати 10 сол пешинӣ мекунад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон чунин барномаҳои раводид, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ васеъ истифода мешаванд, ҳамчун воситаи муассири ҷалби сармоя, технология ва фаъолиятҳои тиҷоратӣ шинохта шудаанд. Қазоқистон низ ба ин равиш ворид  шуда, модели худро пешниҳод кардааст.

Додани “раводиди тилоӣ” муҳити мусоид ва пешгӯишавандаро барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳам мекунад, кафолатҳои ҳуқуқӣ муҳайё мекунад ва ба эътимоди бештар нисбат ба муҳити сармоягузории Қазоқистон мусоидат менамояд. Ин навовариҳо равияи стратегии кишварро ба сӯйи озод будан, ҳифзи сармоя ва густариши робитаҳои устувори иқтисодии байналмилалӣ инъикос мекунад, таъкид кардааст ВКХ –и Қазоқистон.

Раводиди тилоӣ баъди 10 рӯзи нашршуданаш қувваи қонунӣ гирифта, мавриди амал қарор мегирад. Қаблан хабар дода буданд, ки чанд нафар шаҳрвандони хориҷӣ “раводиди тилоӣ” –и Қазоқистонро ба даст оварда буданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.