Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Тоҷикистон мақсад дорад сатҳи таварруми истеъмолиро то 5 дарсад нигаҳ дорад
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таварруми истеъмолиро дар соли 2025 дар сатҳи 5 фоиз нигаҳ дорад. Дар се моҳи аввали соли 2025 сатҳи таварруми истеъмолӣ дар Тоҷикистон 1,3% фоизро ташкил дод. Ин маълумотро Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кардааст.
Тибқи иттилои намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз пойинтар аст.
Тибқи омори расмӣ дар моҳи марти соли 2025 сатҳи таваррум 0,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи марти соли гузашта 0,2 фоиз камтар мебошад.
Бар асоси иттилои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми солона дар моҳи марти соли 2025 ба 3,4 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли 2024 0,2 фоиз камтар аст. Ин нишондиҳанда далели коҳиши фишорҳои таваррумӣ ва ором будани вазъи нархҳо дар кишвар мебошад.
Таварруми бунёдӣ, ки омили асъорӣ ва тағйирёбии устувори нархҳоро инъикос мекунад, дар моҳи март 0,2 фоиз ва дар ҳисоботи солона 1, 2 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳандаи он аст, ки даромад ва талаботи дохилӣ дар ҳоли муътадил қарор доранд.
Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон дар сатҳи 8,75% бе тағйир боқӣ мондааст, ки гувоҳи идомаи сиёсати пуливу қарзии эҳтиёткорона аз сӯйи Бонки марказии Тоҷикистон аст.
Агар масъалаи сатҳи таварруми зикршударо бо дигар кишварҳои ҳамкори Тоҷикистон то моҳи марти соли 2025 муқоиса кунем, чунин аст:
Турикия – 38, 1%
Узбекистон 10. 3%
Қазоқистон 10%
Беларусия -5, 9 %
Гурҷистон 3, 5%
Арманистон 3, 3 %
Бо ин далелҳо, нишондиҳандаи сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар сатҳи пойин қарор дошта, аз суботи нисбии иқтисодӣ ва эътидоли нархҳо гувоҳӣ медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”