Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вазорати мудофиа: “Нақшаи даъвати баҳорӣ сад фоиз иҷро шуд”
Полковник Фаридун Маҳмадализода, сардори Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат сад фоиз иҷро гардид.
Тибқи гуфтаи манбаъ, пеш аз муҳлат пурра иҷро гирдидани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ натиҷаи фаъолияти хубу назарраси масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, саҳми бахшу шуъбаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини вобастаи ин чорабинии муҳимми сиёсӣ арзёбӣ мешавад.
“Маҳз натиҷаи ҳамкории доимӣ бо мардум, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳшӯроҳо ва баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо боис гардид, ки теъдоди шаҳрвандони ихтиёрӣ, аз ҷумла ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”, ки мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Артиши миллӣ омода менамояд, хеле зиёд ба назар мерасид” – омадааст дар хабари Вазорати мудофиа.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”