Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боз Ролнаду аз ҷоиза маҳрум шуд. Ӯ ба мухлисонаш ташаккур гуфт
Шоми гузашта дар доираи даври нимниҳоии Лигаи чемпионҳои элитаи Осиё бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Кавасаки”-и Ҷопон бо ҳам қувваозмоӣ карданд.
Бозии мазкур дар варзишгоҳи “Шоҳ Абдулло Спортс Сити”-и шаҳри Ҷидда доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 3 ба фоидаи “Кавасаки” хотима ёфт ва “Ал-Наср”-и Роналду аз давоми рақобат маҳрум гардид.
Голҳои дидорро аз дастаи “Ал-Наср” Садио Мане (дақиқаи 28-ум) ва Айман Яҳё (дақиқаи 87-ум) ба нишон расонданд. Голҳои бошгоҳи “Кавасаки”-и Ҷопонро бошад, Татсуя Ито (дақиқаи 10-ум), Юто Одзеки (дақиқаи 41-ум) ва Акиҳиро Ленага (дақиқаи 76-ум) вориди дарвоза карданд.
Дар бозии мазкур Криштиану Роналду имкони голзанӣ дошт, аммо ба таври шоиста аз уҳдаи кор набаромад ва дастааш бохт. Дар ин росто, ӯ дар саҳифаи Инстаграмаш аз мухлисонаш барои нокомӣ узр пурсид ва барои дастгириҳояшон ташаккур гуфт.
Барои Роналду ҷоиза ба даст овардан хеле муҳим аст, вале тавре ки шоҳид мегардем, агарчи ӯ дар Арабистони Саудӣ ҷоизаҳои инфиродӣ хеле зиёд ба даст меорад, аммо унвонҳои даставӣ намегирад.
Ёдовар мешавем, ки “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар Лигаи чемпионҳои элитаи Осиё аз идомаи рақобат маҳрум шуд ва инчунин, мавқеаш дар ҷадвали Чемпионати Арабистон низ хуб нест. Он бо гирифтани 60 хол дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”