Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ барои беҳтар шудани сифати таҳсилот ёрӣ мерасонад
Дирӯз, 30-юми апрел Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илм бо таҳиягарони дастурҳои методӣ оид ба татбиқи низоми 10-холаи баҳогузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҷаласаи корӣ баргузор кард.
Зимни нишаст, таъкид гардид, ки таҳкими сифати таҳсилот ва мутобиқ кардани он ба талаботи ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф мебошад ва ворид кардани низоми баҳогузории 10-хола як иқдоми муҳими стратегӣ барои беҳтар намудани сифати таҳсилот ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи хонандагон дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Муовини вазир зикр кард, ки низоми 10-холаи баҳогузорӣ дар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Литва, Латвия ва Италия, қаблан татбиқ шудааст ва як таҷрибаи муваффақ ба шумор рафта, таҷрибаи онҳо нишон медиҳад, ки ин низом ба рушди мустақилияти фикрӣ ва қобилиятҳои амалии хонандагон ёрӣ мерасонад.
Гуфта шуд, ки низоми баҳогузории 10-хола як ислоҳоти амиқи методологӣ ва педагогӣ дар раванди таълим мебошад ва имконият медиҳад, ки натиҷаҳои таълимии хонандагон бо дақиқии бештар ва ба таври таҳлилӣ арзёбӣ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар кишвар озмоиши низоми баҳогузории 10-хола дар 140 муассисаи таълимӣ, ки аз минтақаҳои гуногуни кишвар интихоб шудаанд, ба роҳ монда шуда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”