Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Комисcияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар Шероз баргузор мешавад
Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ, раиси Маркази умури байналмилалии Вазорати неруи Эрон ва раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон гуфт, ки 17-умин Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон бо роҳбарии Аббос Алиободӣ, вазири неруи Эрон ва Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар шаҳри Шероз баргузор мешавад.
Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ афзуд, ки ин иҷлосия фурсати муносиб барои мубодилаи иттилоот, барқарории робитаҳои нави тиҷоратӣ, афзоиши тавонмандии соҳибкорӣ, ошноӣ бо дастовардҳои нави ширкатҳои эронӣ ва ҳамчунин, пул барои рушди содироти мол, таҷҳизот ва хизматрасониҳои фаннӣ, муҳандисӣ ва мубодилаи таҷрибаҳо хоҳад буд.
“Баргузории нишасти тиҷоратӣ миёни 30 тоҷири эронӣ ва 25 тоҷири тоҷик ва ҳамчунин, музокироти соҳибкорон аз ҷумлаи рӯйдодҳои ҳошиявии 17-умин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон хоҳад буд”.
Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ афзуд, мавзуъҳое, ки дар нишастҳои тиҷоратӣ миёни тоҷирони эронӣ ва хориҷӣ баррасӣ мешаванд, вобаста ба лоиҳаҳои обу барқ, неруҳои барқароршаванда, нафту петрохимия, нассоҷӣ, маводи ғизоӣ, хӯрданӣ, сайёҳӣ, беҳдошт ва таҷҳизоти тиббӣ хоҳад буд.
“Дар ин нишасти маштарак тақрибан 20 ниҳоди иҷроия ва вазоратхонаҳои мухталифи Эрон ва 15 намоянда аз ниҳодҳои иҷроияи ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаҳои вижаи гурӯҳҳои кории мутахассисон ширкат хоҳанд кард” – афзуд Муҳаммадвалӣ Алоуддинӣ.
Ӯ таъкид намуд, маросими анҷоми ин рӯйдод, ки шомили имзо намудан ва табодули санадҳои ҳамкории муштарак аст, бо ҳузури раисони Комиссияи муштарак – вазири неруи Эрон ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон доир хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”