Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе барои фурӯши тамокӯ ба ноболиғ ду нафарро боздошт карданд
Полиси Душанбе дар доираи чорабиниҳои ҳадафманди пешгирикунанда ду соҳибкорро барои фурӯши тамокӯ (сегарет) ба ноболиғон боздошт карданд.
Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни гузаронидани рейд маълум гардид, ки маҳсулоти тамокӯ ба шахсони то 18-сола фурӯхта шудааст.
Бар асоси иттилоъ, қонуншикании қоидаҳои фурӯши сигарет аз ҷониби ду соҳибкор - Исломиддин Салиев, сокини 45 – солаи шаҳри Душанбе ва Маҳмадалӣ Пиров, сокини 34-солаи ноҳияи Балҷувон сурат гирифтааст.
Дар натиҷаи тафтишот мушаххас шуд, ки ин ду соҳибкор бо мақсади ба даст овардани фоидаи моддӣ, бе огоҳӣ ба як наврас сигарет фурӯхтаанд.
Нисбати афроди боздоштшуда парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар Тоҷикистон фурӯхтани тамокӯ ва маҳсулоти спиртӣ ба ноболиғон манъ буда, дар қонун ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”