Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Амрико 131 нафар муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Миёнаро ба Ӯзбекистон депорт кард
Вазорати амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи чоршанбе эълон кард, ки 131 муҳоҷир аз Осиёи Марказиро, ки ғайриқонунӣ дар Амрико зиндагӣ мекарданд, ба Ӯзбекистон депорт кард. Ин ниҳоди амрикоӣ гуфт, ки муҳоҷирони депортшуда шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон буданд.
Кристи Ноэм, вазири амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт: “Мо бесаброна интизори идомаи ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар талош барои таҳкими амнияти муштарак ва пуштибонӣ аз волоияти қонун ҳастем”.
Доналд Трамп баъди расман оғоз кардан ба вазифаи президентӣ ҳушдор дод, ки миллионҳо муҳоҷири ғайриқонунӣ, ки дар Амрико ба сар мебарандро депорт хоҳад кард. Ҳукумати Доналд Трамп барои боз гардонидани муҳоҷирони ғайриқонунӣ роҳҳои наверо ба кишварҳои сеюми Амрикои Лотинӣ ташкил карда буд ва чанде қабл як марди ироқиро ба Руанда фиристод.
Демократҳо ва гурӯҳҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Амрико мегӯянд, ки сиёсатҳои таҳаҷҷумии Доналд Трамп нисбат ба депорти муҳоҷирон бар хилофи равандҳои қонунӣ сурат гирифта, дар баъзе маврид боиси ҷудо шудани оилаҳо шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”