27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
01.05.2025 09:40

40 ҳазор кӯдаки ятим ва бе обу ғизо бо фоҷеаи инсонӣ дар Навори Ғазза

Мақомоти Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, ки Исроил чун як кишвари ишғолгар ба ҳеч як аз қонунҳои байналмилалӣ пойбанд нест ва ҳадафаш нобудии комили аҳолии Навори Ғазза аст.

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, ки Ғазза дар вазъияти фоҷеабори башарӣ қарор дорад. Захираҳои маводи ғизоӣ тамом шуда, аксари мардум ҳатто оби нӯшокӣ надоранд.

Аҷит Сонгай, раиси Дафтари Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд “ҳодисаҳое, ки дар Навори Ғазза рӯй медиҳанд, ба сатҳи бесобиқаи буҳрони башардӯстона расидааст ва Исроил ба уҳдадориҳои ҳуқуқии худ амал намекунад”.

Вай дар суҳбат бо телевизиони “Ал-Ҷазира” гуфт, ки вазъият дар Навори Ғазза дар 18 моҳи гузашта бадтар шуда, ба гурезаҳо об ва нон тақсим намешавад. Ӯ афзуд, ки Барномаи ҷаҳонии озуқа чанд рӯз қабл эълон кард, ки захираҳои ғизоӣ дар Ғазза тамом шудааст ва дигар чизе барои тақсим намудан дар миёни фаластиниён боқӣ намондааст.

Ин мақоми Созмони Милали Муттаҳид бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки дар 60 рӯзи гузашта ҳатто як халта орд вориди Навори Ғазза нашудааст ва мардуми ин минтақа ба кумакҳои фаврии башардӯстона ниёз доранд. Бар асоси иттилоъ, ҳудуди 2 миллиону 200 ҳазор нафар борҳо маҷбур ба тарки маҳалли худ шудаанд.

“Идомаи чунин вазъ дар Ғазза натиҷаи фишори нокофии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Исроил аст. Ин режим ба ҳеч як аз қонунҳои байналмилалӣ арҷ намегузорад ва бо созмонҳои башардӯстона ҳамкорӣ намекунад” – таъкид намуд намояндаи СММ.

Дар ҳамин ҳол Дафтари ҳамоҳангсози умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид низ гуфт, ки камбуди шадиди Ғизо ҳамаи минтақаи Навори Ғаззаро фаро гирифтааст ва шумори кӯдакони гирифтори камғизоӣ дар муқоиса бо моҳи март 80 дарсад афзӯдааст.

Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид - ЮНИСЕФ ҳушдор дод, ки 335 ҳазор кӯдаки то 5 сола дар Навори Ғазза бо хатари ҷиддии марг бо сабаби нарасидани ғизо рӯ ба рӯ мебошанд.

Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид 92 дарсади кӯдакони аз 2 то 6 сола дар Ғазза бо сабаби он ки модаронашон ғизои кофӣ дарёфт намекунанд, ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки агар кӯдакон аз камғизоӣ наҷот наёбанд, дар оянда бо бемориҳои ҷиддие чун норасоии масъунияти бадан рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. То рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта беш аз 50 кӯдак бар асари гуруснагӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Масъулони Созмони ҷаҳонии кумакрасонӣ гуфтаанд, ки 65 фоизи аҳолии Навори Ғазза ба камбуди оби нӯшокӣ ва пӯхтупаз дастрасӣ надоранд.

Доктор Мунир ал-Барш, мудири кулли Вазорати тандурустии Ғазза гуфт, ки баста мондани гузаргоҳҳо боиси вазъи бади башардӯстона, бахусус дар бемористонҳо шудааст.

“Мо ба як буҳрони бузурги инсонӣ дар Ғазза рӯ ба рӯ ҳастем ва бузургтарин қурбониён кӯдакон ва занони ҳомила мебошанд”- гуфт Мунир ал-Барш.

Мунир ал-Барш гуфт, ки ҳадафи Исроил нобуд кардани насли фаластиниҳо аст ва бо ин мақсад, пеши роҳи расидани об ва ғизо ба мардуми Фаластинро гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, беш аз 40  ҳазор кӯдак дар Навори Ғазза ятим шудаанд ва 100 кӯдак дар ҳоле, ки интизори боз шудани гузаргоҳҳо буданд, ҷон бохтанд. Наздик ба 1 миллион кӯдак дар Ғазза аз кумакҳои ҳаётан муҳим маҳрум мебошанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.