27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
01.05.2025 07:29

Дастоварди назаррас. 37 медали толибилмони тоҷик аз олимпиадаи байналмилалӣ

Бинобар иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии «BRAINIECS-2025» бо 37 медал, аз ҷумла 7 медали тилло, 13 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.

Гуфта мешавад, ки олимпиадаи мазкур аз рӯйи фанҳои табиӣ-риёзӣ дар шаҳри Куала-Лумпури Шоҳигарии Малайзия баргузор гардида, дар он намояндагони беш аз 20 давлати дунё ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла 70 хонандаи муассисаҳои таълимии пойтахти кишвари мо низ.

Иттилоъ дода мешавад, ки олимпиада рӯзи 26-уми апрел дар Донишгоҳи байналмилалии Шиамени Шоҳигарии Малайзия доир шуда, дастаи олимпии кишвари моро толибилмон дар панҷ даста муаррифӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Олимпиадаи мазкур дар татбиқи бандҳои дахлдори барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардидани солҳои 2020-2040» ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» саҳм мегузорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.