27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
30.04.2025 18:27

Дар Душанбе маросими ёдбуди қурбониёни таркиши бандари Раҷоии Эрон баргузор шуд

Имрӯз, дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе барои ҳодисаи таркиши бандари Раҷоии Эрон, ки боиси оташсӯзии густурда ва куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар гардид, дафтари ёдбуд баргузор шуд.

Дар маросими ёдбуде, ки бо ибтикори масъулони сафорати Эрон баргузор гардид, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, мақомоти расмӣ, чеҳраҳои фарҳангӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба сафорати Эрон омада, дар дафтари ёдбуди сафорат аз номи давлати Тоҷикистон ва мардум изҳори таслият намуд.

Дар ин маросим чеҳраҳои фарҳанг ва илми тоҷик Каромутулло Олимов, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон, Гулрухсор, Шоири халқии Тоҷикистон, Абдулмумин Шарифӣ, ҳунарманди Тоҷикистон ва дигарон ширкат намуда, изҳори таслияти худро ба мардуми Эрон расониданд. Ҳамчунин, дар ин маросим рӯзноманигорону чаҳраҳои шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ низ иштирок намуданд.

Сафирони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла сафири Афғонистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Туркия, Қазоқистон, Фаластин ва ғайра ширкат намуда, ба мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ намуданд.

Дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳодисаи таркиши бандари Раҷоӣ чеҳраҳои шинохта суханронӣ намуда, ба миллати Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуданд.

Ҳодисаи таркиши бандари Раҷоӣ 26-уми апрели ҳафтаи гузашта рӯй дод, ки дар натиҷаи ин фоҷеа 70 нафар кушта шуда, беш аз 1200 нафар захмӣ шуданд. Дар пайи ин ҳодиса бархе кишварҳо, аз ҷумла Русия ёрии фаврӣ барои хомӯш кардани оташ расониданд. Президентҳои кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия, Арабистони Саудӣ ва ғайра ба президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ҳодисаи мазкурро таслият гуфтанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.