Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Хулосаи донишмандони Австралия: Ваксинаи КОВИД -19 чандон зарар надорад
Таҳқиқоти донишмандони Донишгоҳи Мердоки Австралия нишон дод, ки ваксинаҳои КОВИД – 19 тағйироти ҷиддии мубодилаи моддаҳоро ба вуҷуд намеоранд ва нигарониҳоро дар хусуси таъсири дарозмуддати эҳтимолӣ коҳиш медиҳанд.
Маркази миллии падидаҳои Австралия дар Донишгоҳи Мердок рӯйи 33 нафар афроди ваксин гирифта ба муддати 480 рӯз таҳқиқот гузаронида, 167 нишондиҳандаи мубодилаи моддаҳоро дар 28 марҳилаи вақтӣ назорат кардааст.
Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳад, ки ваксина таъсири назаррас ба нишондиҳандаҳои асосии саломатӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои илтиҳоб, омилҳои хатар барои бемориҳои дилу раг ва молекулаҳои марбут ба мубодилаи энергияро надошдааст.
Лан Ло, пажӯҳишгари асосии таҳқиқот гуфтааст: “Ин таҳқиқоти воқеии саҳроӣ нишон медиҳад, ки ваксинаҳои КОВИД -19 амн ҳастанд ва тағйироти назарраси мубодилаи моддаҳоро ба вуҷуд намеоранд”.
Дар ин таҳқиқот афроди ваксингирифта бо гурӯҳи назоратие, ки ҳич гоҳ КОВИД – 19 нашуда буданд ва ҳамчунин, бо онҳое, ки сироятҳои сабукро аз сар гузаронида буданд, муқоиса шудаанд.
Дар таҳқиқот зикр мешавад, ки мубодилаи моддаҳои ашхоси ваксингирифта бо профилҳои мубодилаи гурӯҳи назоратӣ мутобиқати наздик доштанд ва ин нишон медиҳад, ки ваксинаҳо тағйироти ҷиддии биологӣ ба вуҷуд намеоваранд.
“Ҳарчанд афзоиши кам ва муваққатии як нишондиҳандаи вобаста ба илтиҳоб бо номи кимокин IP 10 баъди вояи сеюм мушоҳида шуд, вале сатҳи он дар доираи муқаррарӣ боқӣ монд ва қабл аз вояи баъдӣ ба ҳолати аввал баргашт”- гуфт Лан Ло.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”