27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
30.04.2025 18:10

Раиси вилояти Форс ба Шералӣ Кабир: “Хатсайри ҳавоии “Наврӯз эрлайн” роҳандозӣ шавад”

Дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси вилояти Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусайналӣ Амиралӣ масъалаи ба роҳ мондани хатсайри “Наврӯз эрлайн” матраҳ шуд.

Ҳусайналӣ Амирӣ, раиси вилояти Форси Эрон дар суҳбат бо Шералӣ Кабир ва сафири Тоҷикистон пешниҳод кард, ки миёни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз барои осон кардани сафари шаҳрвандон хатсайри ҳавоии “Наврӯз эрлайн”  роҳандозӣ шавад.

Шералӣ Кабир аз пешниҳоди мақоми эронӣ истиқбол карда гуфт, ки ташкили парвози мустақим миёни Шероз ва Душанбе рӯйдоди муҳим дар раванди густариши ҳамкориҳо аст. Ӯ афзуд, ки ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар Шероз барои осон шудани сафари сайёҳон ва тақвияти робитаҳои дуҷониба иқдоми муассир мебошад.

Ҳусайналӣ Амирӣ, ки дар ҳошияи Намоишгоҳи “Эрон Экспо-2025” бо Шералӣ Кабир мулоқот намуд, афзуд, ки бо таваҷҷуҳ ба дастури роҳбари олии Эрон “дар мавриди густариши робита бо кишварҳои минтақа ва дастури президент сиёсати давлати чордаҳум ба таҳкими робитаҳо бо ҳамсоягон асос ёфтааст ва роҳбарияти олии вилояти Форс дар доираи салоҳияте, ки аз давлат гирифтааст, дар ин замина қатъӣ амал хоҳад кард”.

Масъули эронӣ дар ин мулоқот ба ҳамзабонӣ ва муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон ишора карда, афзуд, ки Наврӯз як падидаи барҷастаи фарҳангӣ ва умумӣ миёни ду кишвар аст. Раиси вилояти Форси Эрон бо шумурдани зарфиятҳои фарҳангӣ ва таърихии вилояти Форс ба густариш додани робитаҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ таъкид кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.