27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» доир мегардад
Бинобар иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» оғоз мегардад.
Зикр мегардад, ки дар фестивали мазкур ҳайатҳои театрии давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Ҳунармандон намоишҳои худро дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури ҳаводорон мегардонанд.
Гуфта мешавад, ки Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди санъати театрӣ доир мешавад.
Фестивали мазкур 6-уми май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамбаст мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”