Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Аз се давр маҳрум. Муҷозоти доварони бозии дастаҳои «Равшан» – «Ҳулбук»
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласае доварони бозии даври ёздаҳуми чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Равшан» – «Ҳулбук» муҷозот шуданд.
Манбаъ меафзояд, кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон баъди таҳлили наворҳои ин бозӣ ба хулосае омад, ки довари марказӣ Хуршед Дадабоев пас аз маслиҳат бо довари эҳтиётӣ Қурбонмурод Шарифов иштибоҳан голи дастаи «Равшан»-ро дар дақиқаҳои охир ба дарвозаи «Ҳулбук» бекор кардааст. Ин хато дар ниҳоят ба рафти бозӣ таъсир расонид, ки дар натиҷа рақобат мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.
Ҳамин тавр, бо қарори кумитаи доварон Хуршед Дадабоев ва Қурбонмурод Шарифов се давр аз ҳакамӣ дар тамоми бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон маҳрум карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи чемпионати Тоҷикистон дастаҳои «Равшан» – «Ҳулбук» бо ҳам рақобат намуданд ва голи ягонаи бошгоҳи «Равшан» бекор кард шуд, ки ин амали довар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёд ба бор овард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”