Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳаҷми тиҷорати Ӯзбекистон бо кишварҳои ИДМ ба 23 миллиард доллар расид
Бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд нахустин форуми минтақавии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.
Дар форум ҳайатҳои кишварҳои узв ва кумитаи иҷрояи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат доштанд.
Ҷамшед Хуҷаев, муовини сарвазири Ӯзбекистон дар форум суханронӣ намуда, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавии судманд ва ташкили робитаҳои устувори тиҷоратӣ, ки бар асоси эътимод ва таҷрибаҳои муштарак шакл гирифтаанд, таъкид намуд. Муовини сарвазири Ӯзбекистон омилҳои зикршударо калиди рушди иқтисодии кишварҳои узв ИДМ хонд.
Зикр гардид, ки дар 5 соли ахир гардиши савдои хориҷии Ӯзбекистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ду баробар афзоиш ёфта, дар соли 2024 ба 23 миллиард доллар расидааст. Дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон зиёда аз 5, 5 ҳазор корхона бо сармоягузории кишварҳои узви ИДМ фаъолият мекунанд.
Бо талоши муштараки кишварҳои узв дар минтақаҳои мухталифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ амалӣ мешавад. Барои тақвият додани савдои дохилиминтақавӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беш аз 130 минтақаи махсуси иқтисодӣ амал мекунад ва ҳамзамон минтақаҳои савдои наздимарзӣ таъсис дода шудааст.
Ишора шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои шарикӣ дар миёни аъзои ИДМ то ба имрӯз 6 ҳазор санадҳои мухталифи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Муовини сарвазири Ӯзбекистон ҳамчунин, таъкид кард, ки кишвараш ба раванди ислоҳоти амиқи иқтисодӣ, ташкили муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ва ҳамчунин, густариши ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ содиқ мемонад.
Ӯ дар ҳамоиши мазкур пешниҳодҳои мушаххасе ироа намуд, аз ҷумла истифодаи фаъолонаи созишномаҳои озоди тиҷоратӣ, бартараф намудани садҳо барои молу хизматрасониҳо, рақамисозии расмиёти савдо ва рушди лоиҳаҳои кооператсия ва ивазкунандаи воридот бо ҳамкории фаъолонаи минтақаҳо.
Дар форуми зикршуда Юрий Шуклейко, муовини сарвазири Беларусия, Алексей Оварчук, муовини аввали сарвазири Русия, Ҳаким Холиқзода, муовини сарвазири Тоҷикистон, Жанел Кушуқова, муовини сарвазири Қазоқистон, Чоро Сеитова, муовини сарвазири Қирғизистон ва ҳамчунин, роҳбарони вилоят ва минтақаҳои аъзои ИДМ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи форум мулоқот ва музокиротҳо дар формати В2В доир шуданд, ки дар он иштирокчиён самтҳои умедбахши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд ва бо ҳамдигар робитаҳои тиҷоратӣ анҷом доданд.
Дар форуми мазкур беш аз 10 санад ба имзо расид, ки ҳадафи он таҳкими робитаҳои дӯстона, рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию башардӯстона, ҳамчунин, таҳияи харитаи роҳ барои амиқ намудан ва густариш додани ҳамкориҳои минтақаҳои кишварҳои узви ИДМ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”