27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
30.04.2025 09:47

Вазири амнияти Покистон мегӯяд Ҳинд аз 24 то 36 соати оянда ба Покистон ҳамла мекунад

Вазири амнияти Покистон Атоуллоҳ Тарор мегӯяд бар асоси иттилооти ҷосусӣ Ҳиндустон эҳтимолан аз 24 то 36 соати оянда ба Покистон ҳамлаи низомӣ анҷом диҳад.

Вазири амнияти Покистон рӯзи сешанбе, 30-уми апрел дар як паёми наворӣ гуфт, ки Ҳиндустон мехоҳад дар пайи ҳамлаи террористии ахир дар минтақаи Паҳалгами Кашмир, аз ҳамлаи низомӣ дар муқобили Покистон истифода кунад.

Ӯ гуфт, ки “ҳар гуна таҷовуз аз ҷониби Ҳинд бо вокуниши қотеъ ва шадиди Покистон рӯ ба рӯ хоҳад шуд” ва ҳушдор дод, ки “масъулияти ҳар гуна низоъ ё паёмадҳои фоҷеабори минтақа ба таври комил бар уҳдаи Ҳиндустон хоҳад буд”.

Дар ҳамлаи террористие, ки ба наздикӣ дар минтақаи Паҳалгам рӯй дод, 26 нафар сайёҳ кушта шуд. Ҳиндустон гурӯҳҳои ниманизомии муҳимми Покистонро масъули ҳамла дониста, иддаои мақомоти ин кишвар дар робита ба даст надоштанашонро рад кардааст.

Атоуллоҳ Тарор гуфт, неруҳои мусаллаҳи Покистон дар ҳолати омодабоши комил қарор доранд ва афзуд, ки дар сурати ба вуҷуд омадани даргирӣ ҳамаи масъулият ба дӯши Ҳиндустон хоҳад буд.

Бархе коршиносон гуфтаанд, ки бо наздик шудани интихобот дар Ҳиндустон фазои низоъ метавонад барои ҷалби таваҷҷуҳи фазои дохилии ин кишвар истифода шавад.

Баъди ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Кашмири таҳти назорати Ҳиндустон муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҳиндустон ва Покистон қатъ шуд. Мақомоти Ҳиндустон Покистонро дар созмондиҳии ҳамлаи террористӣ муттаҳам намуданд. Ҳукумати Покистон гуфт, ки бо террористон дар ҳар куҷое набошанд, бархӯрди шадид сурат хоҳад гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.