Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Дар Тоҷикистон нархи хизматрасониҳои интернетӣ коҳиш ёфтааст
Исфандиёр Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар кишвар коҳиши назарраси нархҳои хизматрасониҳои интернети мобилӣ ва симӣ ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои Исфандиёр Саъдулло арзон шудани арзиши воридоти трафики интернет аз сӯйи операторони хориҷӣ боис гардид, ки нархҳо дар миёни провайдерҳои дохилӣ низ поён равад. Аз ҷумла, ҳаҷми бастаҳои интернетӣ барои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ҳадди аққал 20% зиёд хоҳад шуд, ки ин ба беҳтар шудани дастрасии хизматрасониҳои алоқа барои аҳолӣ мусоидат мекунад.
“Бо шарофати тағйирот дар сиёсати нархгузорӣ арзиши миёнаи интернети симӣ дар кишвар 55% коҳиш ёфтааст. Илова ба ин, тарифҳои кӯҳна бо суръати интиқоли маълумоти камтар аз 5 мегабит дар як сония бекор карда шуданд” – зикр намуд Исфандиёр Саъдулло.
Раиси Хадамоти алоқа иттилоъ дод, ки дар се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон 330 истгоҳи нави базавии алоқаи мобилӣ насб шудааст, ки ин ба беҳтар шудани сифат ва фарогирии хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ мусоидат мекунад.
Дар доираи соли рушди иқтисоди рақамӣ ва навовариҳо, ки дар кишвар эълон шудааст, васеъ намудани инфрасохтори шабакаҳои мобилии насли панҷум фаъолона идома дорад. Таъкид шуд, ки корҳои мазкур дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ низ ҷараён дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”