Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Завқӣ Завқизода: “Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 13 фоиз афзоиш ёфтааст”
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода 28-уми апрел ҳамроҳи ҳайати Ҳукумат дар нахустин форуми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид, ширкат намуд. Дар ин хусус, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода дар нишасти зикршуда таъкид кард, ки бо назардошти оқибатҳои манфии тағйирёбии глобалии иқлим Ҷумҳури Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои панҷуми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 29-уми май то 1-уми июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар хусуси ҳифзи пиряхҳо баргузор хоҳад кард.
Дар робита ба ин, ба ҳамаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ пешниҳод гардид, ки дар ин чорабинии муҳимми ҷаҳонӣ фаъолона ширкат намоянд.
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зикр кард, ки дар соли 2024 саҳми савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ 33 фоизро ташкил медиҳад ва гардиши савдои хориҷии узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ нисбат ба соли 2023 ба андозаи 13 фоиз афзоиш ёфтааст.
Завқӣ Завқизода таъкид кард, ки мутобиқи стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмин намудани рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мақсади олии ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Бар асоси ҳамин стратегия Тоҷикистон дар даҳсолаи ахир, яъне дар марҳилаи нахусти татбиқи он рушди устувори иқтисодиро бо суръати миёнаи солонаи 7,5 фоиз таъмин кардааст, ки дар муқоиса бо соли 2024 ин нишондиҳанда ба 8,4 фоиз расидааст.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар дурнамои ояндаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2026 -2035 ба ҳамкориҳо дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ, рушди “сабз”, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии глобалии иқлим ва робитаҳои нақлиёту логистикӣ авлавият дода шавад.
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ соли 1985 таъсис ёфта, имрӯз даҳ кишвар узвияти онро доранд. Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Покистон ва Афғонистон мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”