27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
29.04.2025 16:53

Баҳси мубориза бо мушкилиҳои минтақавӣ дар суҳбати вазирони Осиёи Марказӣ бо Чин

Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шаҳри Алмаато, пойтахти Қазоқистон бо ҳадафи тақвияти гуфтугӯҳои сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мутақобила бо чолишҳои минтақавӣ баргузор гардид.

Расонаҳои қазоқистонӣ хабар доданд, ки Алмаато мизбони шашумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин буд. Дар ин нишаст рушди муносибатҳои тиҷоратӣ, густариши ҳамкориҳои транзитӣ, мубориза бо таҳдидҳои минтақавӣ ва таблиғи рушди устувор ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мурат Нуртлеу, муовини аввали президент ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, Жинбек Қалбаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Бахтиёр Саидов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва намояндаи Туркманистон ширкат намуданд.

Дар ин нишаст ҷонибҳо дар хусуси пешниҳод барои баланд бардоштани сохтори ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин гуфтугӯ намуданд. Онҳо зарурати истифодаи роҳҳои мутавозин барои мубориза бо проблемаҳои ҷаҳонии навро таъкид намуданд.

“Мо ҳама шароитҳоро барои табдил додани ин чаҳорчӯб ба яке аз намунаҳои пешрафт  ва ҳамкории Осиёи Марказӣ фароҳам овардем ва дар нишасти оянда бо роҳбарон марҳилаҳои нави ҳамкорӣ ва некӯаҳолии муштаракро мушаххас хоҳем кард” – иброз дошт Мурат Нуртлеу, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.