Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аз ҷаримаи ҳангуфт то ихроҷи 10-сола. Ғайрирасмӣ ба ҳаҷ наравед
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мақомоти Арабистони Саудӣ нисбат ба нафароне, ки ба таври ғайрирасмӣ ва бе гирифтани иҷозатномаи расмӣ (тасриҳи ҳаҷ) қасди адои маросими ҳаҷ мекунанд, ҷазои сахт муқаррар намудааст.
Гуфта мешавад, ки аз имрӯз, 29-уми апрели соли 2025 то анҷоми мавсими ҳаҷ барои шахсоне, ки ғайриқонунӣ кӯшиши ворид шудан ба шаҳри Маккаи мукаррама ва мавзеъҳои муқаддас (Мино, Арафот, Муздалифа) мекунанд, то 20 000 риёл, муодили 5400 доллари амрикоӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Илова мешавад, онҳое, ки тавассути дархости раводиди зиёрат, интиқол, паноҳ додан ё кумак расонидан ба нафарони нақзкунандаи тартиби ҳаҷ саҳм мегиранд, ҷарима то 100 000 риёл, баробар ба 27000 доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Шахсони ғайриқонунӣ дар шаҳри Макка боқимонда ва сокиноне, ки қонуншикании зикршударо содир менамоянд, ихроҷ гардида, барои 10 сол аз ҳаққи вуруд ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ маҳрум мешаванд.
Ҳамчунин, ба шахсоне, ки дорандагони тамоми намуди раводиди зиёратӣ (ба истиснои раводиди махсуси ҳаҷ)-ро дар ҷойҳои зисти расмӣ (меҳмонхонаҳо, хонаҳои хусусӣ, марказҳои иқомати ҳоҷиён ва ғайра) ҷой медиҳанд ё кӯшиши пинҳон кардани онҳоро мекунанд, ё ҳар гуна кумаке мерасонанд, ки боиси боқӣ мондани онҳо дар Макка ва мавзеъҳои муқаддас мегардад, 100 000 риёл, баробар ба 27000 доллари амрикоӣ ҷарима таҳдид мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”