27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
“Одоби шикори рӯбоҳ”-и Эрон меҳмони театрҳои Тоҷикистон мешавад
Намоишномаи театрии маъруфи Эрон - “Одоби шикори рӯбоҳ”, ки чанде қабл дар ҷашнвораи театри Фаҷри Эрон дурахшида буд, бо даъвати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои Тоҷикистон намоиш дода мешавад.
Намоишномаи “Одоби шикори рӯбоҳ” аз сӯйи намоишноманависи эронӣ Иброҳим Одилниё навишта шудааст ва онро коргардони маъруф Муҳаммад Шокирӣ таҳия намудааст.
Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ намоишномаи мазкур бо даъвати кумитаи Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбии Тоҷикистон меҳмони Тоҷикистон мешавад.
Қарор аст намоишномаи мазкур дар миёнаи моҳи май дар театрҳои Тоҷикистон дар қатори беҳтар намоишномаҳои театрҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта шавад.
Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки барои ширкат дар ҷашнвораи театрҳои касбии Тоҷикистон гурӯҳи кории намоишномаи “Одоби шикори рӯбоҳ” ҳафтаҳо тамринҳои сахт намуда, барои сафар омода шудаанд.
Хабаргузории ИРНА-и Эрон менависад, ки “Дар ҳаёҳуи пур зарқу барқи тавлидоти азим ин намоиши сода, вале амиқ бо нигоҳе инсонӣ ва ривояте асил ҷойи худро дар дили доварон ва тамошобинон боз кард.
“Одоби шикори рӯбоҳ” фақат як асари ҳунарӣ нест. Ин намоиш қиссаи тамоми касонест, ки руъёи саҳнаҳои бузургро дар дилҳои кӯчакашон мепарваронанд. Қиссаи наслест, ки ба ҷойи таслим муқобили маҳдудиятҳо тасмим гирифтанд, бо ҳунарашон деворҳоро бишкананд”- менависад хабаргузории ИРНА.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”