27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
29.04.2025 10:27

“Ҷанги обӣ” дар фазои ду қудрати атомӣ. Ҳинд муҳосираи “хушкӣ”-и Покистонро сар мекунад?

Ҳиндустон баъди ҳамлаи террористии хунин дар Кашмир Покистонро ба анҷом додани он муттаҳам кард ва баъди 65 сол амали Cозишномаи обии миёни ду кишварро боз дошт. Мақомоти покистонӣ ин амалро “ҷангӣ обӣ” хонданд.

Низои Ҳинду Покистон яке аз тӯлонитарин бархурдӣ ду кишвари дорои қудрати атомӣ аст. Дар маркази ин муқовимат минтақаи баҳсбарангези Кашмир вуҷуд дорад. Бар хилофи муноқишаҳои бисёри дигар, ҳар ду ҷониб силоҳи атомӣ дар ихтиёр доранд.

Низоъ миёни Ҳиндустон ва Покистон тайи чандин соли ахир хомӯш шуда буд ва бо рух додани ҳодисаи террористӣ дубора шуълавар гардид. Рӯзи чоршанбе террористони мусаллаҳ гурӯҳи сайёҳонро, ки аксарашон шаҳрвандони Ҳиндустон буданд, дар минтақаи Паҳалгамии зери назорати Ҳинд тирборон карданд. Дар натиҷаи ин ҳамла ҳадди ақал 26 нафар кушта ва беш аз 20 нафар захмӣ шуданд.

Масъулияти ин ҳамларо “Ҷабҳаи муқовимат”, ки бо ташкилоти террористии “Лашкари тайиба” иртибот дорад, ба уҳда гирифт. Ҳиндустон Покистонро масъули ин ҳамла донист. Робитаҳои ҳавоӣ ва тиҷоратӣ қатъ шуданд, додани раводидҳо боз дошта шуд ва аз дипломатҳо хоста шуд, ки ба кишварҳояшон баргарданд. Вале ҷиддитарин иқдом аз сӯйи Ҳиндустон қатъи якҷонибаи амали Созишномаи обӣ буд, ки соли 1960 ба имзо расида буд. Покистон ин корро баробар бо эълони ҷанг арзёбӣ кард.

Сиёсатшиноси ӯзбек Ислом Ғаффоров дар суҳбат бо расонаҳои ӯзбекистонӣ гуфтааст, ки шиддат ёфтани вазъ дар минтақа аз соли 2019 оғоз шуда буд. Замоне, ки Ҳиндустон мақоми худмухтории Ҷамму ва Кашмирро бекор кард. Аз он вақт идораи минтақа мустақиман аз Деҳлӣ сурат мегирифт, ки ҳам дар байни аҳолии маҳаллӣ ва ҳам ҳукумати Покистон норозигӣ ба бор овард.

“Ҳамлаҳои террористӣ метавонанд ҳамчун яке аз  шаклҳои ин норозигӣ арзёбӣ шаванд” – гуфт Ислом Ғаффоров.

Ислом Ғаффоров таъкид кард, ки дар моҳи март дар қаламрави Покистон ва дар моҳи апрел дар вилояти Балуҷистони Эрон, ки бо Покистон ҳамсарҳад аст, ҳамлаҳои террористӣ рӯй дод ва дар натиҷаи он покистониҳову чиниҳо кушта шуданд. Он замон Покистон хадамоти махсуси Ҳиндро гунаҳкор кард, вале Деҳлӣ иттиҳомро рад намуд. Ҳолатеро мебинем, ки гӯё ҳар ду ҷониб ба воситаи амалҳои неруҳои сеюм ба муқобили якдигар вориди даргирӣ шудаанд.

Таҳлилгари масоили сиёсии дигар Ҳамза Болтаев таъкид намуд, ки мақомоти Ҳиндустон то ҳол ягон далели робитаи неруҳои покистонӣ бо ҳамлаи террористӣ дар Паҳалгамро пешниҳод накардаанд.

“Дар ҳар ду қисми Кашмир – ҳам дар зери назорати Ҳинд ва ҳам Покистон сайёҳӣ нақши муҳиммеро дар иқтисоди минтақа мебозад. Баъди ин ҳамла коҳиши ҷараёни сайёҳон даромади аҳолии маҳаллиро сахт зери таъсир қарор медиҳад. Илова бар ин, тадбирҳои амниятӣ сахттар хоҳад шуд, ки ин маҳдудиятҳои нав зиёни иқтисодиро ба дунбол хоҳад дошт” – афзуд Ҳамза Болтаев.

Коршинос Ҳамза Болтаеви ӯзбекистонӣ таъкид мекунад, ки агар шиддати робитаҳо миёни Ҳиндустон ва Покистон идома ёбад, ин метавонад ба муносибатҳои Ҳиндустон бо ИМА ва Чин, ҳамчунин, ба робитаҳои миёни Покистону Ҳинд таъсир гузорад. Робитаҳои Покистон ва Чин ба шакли анъанавӣ дар сатҳи олӣ қарор доранд, вале чунин рӯйдодҳои ғайриинтизор метавонанд санҷише барои ин ҳамкорӣ бошанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.