Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бахтиёр Саидов ва Абдулазиз Комилов Доналд Трампро ба Ӯзбекистон даъват намуданд
Ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Бахтиёр Саидов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Абдулазиз Комилов, намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба сиёсати хориҷӣ ба Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъватномаи расмӣ барои сафар ба Ӯзбекистонро супурданд.
Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тошканд Ҷонатан Ҳеник гуфт, ки Кохи сафед аз ин даъват хушнуд аст ва онро ҷиддан баррасӣ мекунад. Сафири Амрико дар Тошканд таъкид кард, ки бо гузашти беш аз 30 соли истиқлоли кишварҳои минтақа ҳоло замони муносиб барои сафари президенти Амрико фаро расидааст.
Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо намояндагони ВАО мулоқот намуд. Ӯ дар хусуси вазъияти кунунии муносибатҳои Вашингтон ва Тошканд сухан гуфта, таъкид кард, ки имрӯз сатҳи равобит беҳтар аз ҳар вақти дигар аст.
Ҷонатан Ҳеник гуфт, ки дар солҳои ахир шаҳрвандони Ӯзбекистон шумораи рекордии дархостҳо барои дарёфти раводиди амрикоиро пешниҳод кардаанд ва консулгарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ шумораи рекордии раводидҳоро додааст. Ӯ афзуд, ки муколама бо ҳукумати Доналд Трамп дар сатҳи олӣ идома дорад.
Аз замони ба даст овардани истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ то ба имрӯз, ки беш аз 30 сол гузаштааст, то ҳол ягон президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ин минтақа боздид накардааст. Бархе хабарҳо дар хусуси сафари Ҷо Байден дар охири давраи президентиаш ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон нашр шуда буд, ки сурат нагирифт. Акнун ҳайати Ӯзбекистон даъвати расмиро ба Доналд Трамп супоридааст.
“Ҳам вазири корҳои хориҷӣ Бахтиёр Саидов ва ҳам намояндаи махсуси президент Абдулазиз Комилов дар ҷараёни сафари худ ба Вашингтон президент Трампро барои боздид аз Ӯзбекистон, эҳтимолан дар доираи нишасти “С5+1” даъват карданд. Кохи сафед аз чунин даъват хушнуд аст ва онро ҷиддан баррасӣ мекунад. Бо назардошти он ки аз замони истиқлол беш аз 30 сол гузаштааст, ман бар он боварам, ки ҳоло замони муносиб барои боздиди президенти ИМА аз минтақа фаро расидааст” - гуфт Ҷонатан Ҳеник.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”