Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Додгоҳи СММ ҷиноятҳои Исроилро муҳокима мекунад
Дар додгоҳи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид баррасии амалҳои Исроил нисбат ба мардуми Фаластин ва Навори Ғазза оғоз шудааст. Додгоҳ бояд баҳогузорӣ кунад, ки Исроил бо бастани роҳҳои расонидани кумакҳои башардӯстона ва манъ кардани фаъолияти Агентии СММ барои кумак ба гурезаҳои фаластинӣ то кадом андоза ҳуқуқи башарро поймол мекунад.
Баррасии амалкарди Исроил дар додгоҳи СММ дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакии Исроил идома дорад ва низоми кумакрасонӣ дар Навори Ғазза дар ҳоли фурӯпошӣ қарор дорад. Дар Додгоҳ аввал ҳуқуқшиносони Созмони Милали Муттаҳид ва баъдан намояндагони фаластинӣ суханронӣ менамоянд.
Бо баста шудани роҳҳо, ки аз 2-уми март оғоз гардид, расонидани ғизо, сӯзишворӣ ва доруворӣ мушкилтар шудааст.
Мақомоти Исроил бар муҳокимаи Додгоҳ ширкат намекунанд. Намояндагони Исроил фаластиниёнро дар зери муҳосираи гуруснагӣ қарор доданд. Мақомоти Исроил ин иттиҳомҳоро рад карда мегӯянд, ки ин як раванди “сиёсатзада” аст.
Дар муҳокимаи додгоҳ намояндагони 40 кишвар ва 4 созмони байналмилалӣ ҳузур доранд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки бар зидди раванди оғози муҳокимаи додгоҳӣ шаҳодат дода буд, рӯзи чоршанбе суханронӣ мекунад. Қарори Додгоҳи байналмилалӣ хусусияти машваратӣ дорад, аммо метавонад ба сатҳи пуштибонии ҷаҳонии Исроил таъсир гузорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”