Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз исрофкорӣ қарори танзими ҷашну маросимҳоро қабул мекунад
Вакилони палатаҳои Маҷлиси Олӣ (Олий Мажлис)-и Ӯзбекистон ба нақша гирифтаанд, ки то моҳи августи соли 2025 қарори муштарак оид ба механизмҳои нави танзими чорабиниҳои оилавиро пешниҳод кунанд.
Тибқи иттилоъ ҳадафи асоси қарори мазкур ташаккули фарҳанги сарфакорӣ миёни ҷавонон ва коҳиш додани сатҳи исрофкорӣ мебошад.
Лоиҳаи қарорро раиси Сенат ва Палатаи намояндагон Танзила Нарбаева ва Нуриддин Исмоилов бар уҳда доранд. Ҳамчунин, дар кори таҳияи қарор вазири фарҳанг Озодбек Назарбеков, Кумитаи кор бо оила ва занон ва Кумитаи корҳои дин ҷалб карда мешаванд.
Бар асоси иттилои расонаҳои ӯзбекистонӣ яке аз самтҳои асосии ин лоиҳа баргузории маъракаи иттилоотӣ-маърифатӣ хоҳад буд. Ҳукумат мақсад дорад, ки видеороликҳои иҷтимоӣ, филмҳои кӯтоҳ ва радиоӣ таҳия намуда ва паҳн кунанд, ки ба пешгирии зиёдаравӣ дар чорабиниҳои оилавӣ равона шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”