27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
29.04.2025 08:10

6047 дар се моҳ. Афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар се моҳи аввали соли 2025  ба кишвар 6047 мошини барқӣ ворид шуда, шумораи электромобилҳо, автобусҳо ва микроавтобусҳо, воситаҳои нақлиёти барқии боркаш ва воситаҳои махсуси борбардорӣ, ки ҳамагӣ барқӣ мебошанд, ба 27580 расидааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 9885 адад зиёд аст.

Гуфта мешавад, ки воридоти мошинҳои барқӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» амалӣ карда мешавад, ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёт дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2021 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 31-уми октябри соли 2022 таҳти рақами 532 қабул шудааст.

Ҳукумати кишвар соли 2022 воридоти мошинҳои барқиро аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод намуда, тасмим гирифтааст, ки ҳиссаи мошинҳои барқиро дар қаламрави ҷумҳурӣ дар шумораи умумии мошинҳо то 20-30% зиёд кунад.

Ҳамчунин, тибқи маълумоти Вазорат нақлиёти ҷамъиятӣ навсозӣ гардида, ба наздикӣ дар пойтахт микроавтобусҳои барқии истеҳсоли Чин ба кор дароварда шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.