Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тӯфони гарду ғубор. Ҳушдор ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрел то 2-юми майи соли ҷорӣ дар манотиқи ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки бар асари омилҳои метеорологӣ (гарду хок) олӯдагии ҳаво бо моддаҳои беруна, ҳиссачаҳо, ки 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дод, дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунад, ба касоне, ки аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалиҳои қанд мебошанд, дар чунин рӯзҳо атрофиёнашон диққати махсус зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, масъулин барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш чунин тавсияҳо медиҳанд:
- Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
- То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед.
- Пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред.
4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”