Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Арабистони Саудӣ додани виза ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро муваққатан боз дошт
Арабистони Саудӣ муваққатан аз рӯзи 27-уми апрел додани визаи электронӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро манъ кард.
Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ҳар ду кишвар аз рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонистанд аз хизматрасонии электронии виза барои сафар ба кишвари Арабистони Саудӣ истифода баранд, хориҷ карда шуданд.
Қаблан, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имконият доштанд, ки барои сафар ба Арабистони Саудӣ визаи электронии сайёҳӣ ва ҳаҷро бигиранд.
Тасмими додани визаи электронии осон аз соли 2023 ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дода шуда буд. Ғайр аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 57 кишвари дигар аз ин имконияти визаи электронӣ истифода мекунанд. Тибқи иттилои расонаҳо акнун Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз рӯйхати 57 кишвари дигар хориҷ шудаанд.
Сабаби бекор шудани визаи электронӣ эълон нашудааст. Вале бархе расонаҳо ҳадс мезананд, ки ин тасмим баъди ҳодисаи ҷанҷоли оммавии 15 шаҳванди Ӯзбекистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб эҳтимолан сурат мегирад.
Бояд ёдовар шуд, ки 15 шаҳрванди Ӯзбекистон ҳафтаи гузашта дар шаҳри Аморати Муттаҳидаи Араб бо истифода аз силоҳ даст ба бетартибиҳои оммавӣ заданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”