27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
28.04.2025 18:05

СММ: Маҳдудияти Толибон 90 фоиз барномаҳои пуштибонии занонро қатъ кардааст

Созмони Милали Муттаҳид бо нашри як гузориш ҳушдор додааст, ки буҳрони башардӯстонаи Афғонистон дар сояи саркӯби системавии ҳуқуқи занон шиддат ва паҳнои бештар ёфтааст.

Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши “Занону духтарони дар ҳолати буҳрон”, ки бар асоси додаҳои 34 вилояти Афғонистон таҳия шудааст, таъкид мекунад, ки маҳдудиятҳои ҷоришуда аз сӯйи Толибон қобилияти занонро барои дастрасӣ ба таҳсилот, хизматрасониҳои тиббӣ, кумакҳои башардӯстона ва имкониятҳои рӯзгузаронӣ коҳиш додааст.

Бар асоси ин гузориш маҳдудиятҳои шадиди Толибон бар зидди занон ва духтарон на фақат боиси нақзи ҳуқуқи башари онҳо шудааст, балки буҳрони амалии Афғонистонро амиқтар кардааст. Ин гузориш меафзояд, ки манъ шудани кори занон дар ниҳодҳои имдодрасон сабаби маҳдуд гардидани хизматрасониҳои башардӯстона, бахусус барои занон ва кӯдакон шудааст.

Дар натиҷаи маҳдудиятҳо 90 фоизи барномаи дастгирии занон ё қатъ шудаанд ё бо маҳдудиятҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. Бар асоси ин таҳқиқот 70 дарсади занон дар саросари Афғонистон гуфтаанд, ки бино ба сабаби маҳдудиятҳо дигар кумакҳои ҳаётӣ, ба мисли маводи ғизоӣ ва хидматҳои тиббӣ анҷом дода намешавад.

Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки бисёре аз оилаҳои зери сарпарастии занон, ки ба воситаи кумакҳои башардӯстона ё кор дар бархе ниҳодҳо рӯз мегузарониданд, ҳоло дар фақри шадид ба сар мебаранд.

Гузориш ҳамчунин, ба коҳиши шадиди дастрасӣ ба хидматҳои тиббӣ, бахусус барои занони ҳомила ва кӯдакон ишора намуда, гуфтааст, ки сатҳи маргу мири қобили пешгирӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Дар ин гузориш СММ ҳушдор медиҳад, ки дар сурати идома ёфтани маҳдудиятҳо Афғонистон ба хатари фурӯпошии башарии фарогир рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки миллионҳо нафарро ба самти гуруснагӣ, бехонагӣ ва беморӣ мекашонад.

Таъкид шудааст, ки занон нақши асосии шиносоии ниёзмандон, расонидани хидматҳо ва ҳимоят аз қишрҳои осебпазир доранд ва ҳазфи онҳо аз равандҳои кумакрасонӣ оқибатҳои фоҷеабор ба бор хоҳад овард.

Бахши занони Созмони Милали Муттаҳид ба зарурати афзоиши фишорҳои дипломатӣ ба Толибон барои лағви маҳдудиятҳои ҷоришуда бар зидди занон таъкид карда, хостори истифодаи роҳкорҳои эҷодкорона, аз ҷумла пуштибонии ғайримустақим аз занон ва татбиқи барномаҳои махсус барои ҷомеаҳои занон шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид дархост кардааст, ки кумакҳои молиявии бештар барои барномаҳои башардӯстона дар Афғонистон ҷудо карда шавад, то шиддати буҳрони башарӣ дар Афғонистон коҳиш ёбад. Дар фарҷоми гузориш таъкид шудааст, ки бидуни ҳузури занон дар арсаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Афғонистон тавони паси сар кардани буҳрони кунуниро надорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.