Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Русия аз кӯдакони муҳоҷирон маълумотнома оиди бемориҳои сироятӣ талаб мекунад
Мақомоти соҳаи маорифи Федератсияи Русия бо як қарор талаб кардани маълумотнома дар хусуси бемориҳои сироятӣ барои қабули кӯдакони муҳоҷирон дар муассисаҳои томактабии Русияро ҳатмӣ карданд. Дар ин хусус қарори Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия содир шуд.
Бар асоси иттилои расонаҳо, дар қарори Вазорати маорифи Русия зикр шудааст, ки падару модар ё намояндагони қонунии кӯдак вазифадоранд маълумотномаи тиббӣ дар хусуси бемориҳои сироятие, ки ба атрофиён хатар эҷод мекунад, пешниҳод намоянд.
Рӯйхати бемориҳое, ки аз сӯйи ҳукумати Русия қабул шудааст, инҳо мебошанд: сил, сифлис, вируси норасоии бадан ва лепра.
Вазорати маорифи Федератсияи Русия таъкид кардааст, ки ин навоварӣ барои амнияти эпидемологии ҳамаи кӯдакони кӯдакистон ва танзими раванди қабули кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ амалӣ карда мешавад.
Ғайр аз ин маълумотнома падару модар ё намояндагони қонунӣ нусхаҳои санадҳои тасдиқкунандаи ҳувияти кӯдак, санадҳои будубоши қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия ва санадҳои исботкунандаи муносибати хешовандиро бояд пешниҳод кунанд.
Ҳама санадҳо бояд ба забони русӣ таҳия шуда бошад ва ё тарҷумаи дар нотариалӣ тасдиқшудаи он пешниҳод гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”