Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Генерали исроилӣ: “Артиши Исроил наметавонад Ҳамосро шикаст диҳад”
Генерали пешини артиши режими саҳюнистӣ иқрор кард, ки Артиши Исроил наметавонад гурӯҳи Ҳамосро шикаст диҳад, зеро ба гуфтаи ӯ, Ҳамос дорои нақбҳо ва бомбҳо аст.
Исҳоқ Брик, генерали пешини артиши Исроил ба нокомии Исроил дар ҷанги Ғазза иқрор шуда, гуфт, ки Ҳамос то ҳол ҳазорҳо неру дорад, ки дар як ҷанги фарсоишӣ бо Исроил қарор доранд.
Ӯ афзуд, ки артиши Исроил наметавонад Ҳамосро ба хотири вуҷуд доштани тунел ва мушакҳое, ки дар ихтиёр дорад, шикаст диҳад.
“Исроил 9 ҳадафро барои ҷанг мушаххас карда буд, ки то ҳол ҳеч кадоме аз онҳо амалӣ нашудааст ва ин ғайриқобили қабул аст”- гуфт Исҳоқ Брик.
Тақрибан якуним сол қабл артиши Исроил баъд аз шикасти иттилоотӣ ва низомӣ дар муқобили гурӯҳи Ҳамос дар Ғазза ҷанг дар ин минтақаро оғоз карданд ва иддао мекарданд, ки асиронро зинда ба хона бармегардонанд. Иддаое, ки то ба ҳол амалӣ нашуд ва шуморе аз асирон дар натиҷаи ҳамлаҳои худи артиши Исроил кушта шуданд.
Дар натиҷаи ҷанги тӯлонимуддати Исроил дар Навори Ғазза садҳо ғайрнизомӣ кушта шуда ва ин минтақа ба хокистар табдил шудааст. Созмони Милали Муттаҳид ва бархе кишварҳои дигар борҳо Исроилро ба оташбаси фаврӣ даъват кардаанд, вале Исроил инро қабул намекунад.
Дар моҳҳои ахир Исроил муҳосираи Ғаззаро шиддат бахшида, вуруди маводи ғизоӣ ва дорувориро ба ин минтақа манъ кардааст. Дар пайи муҳосираи ғайриинсонии Исроил мардуми Навори Ғазза ба буҳрони башарӣ гирифтор шудаанд. Доналд Трамп дар тозатарин изҳороти худ гуфт, ки Исроил бояд монеи вуруди кумакҳои башардӯстона нашавад, зеро мардуми Фаластин дар ранҷ ба сар мебаранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”