27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
28.04.2025 09:48

Маншаъ ва омилҳои сар задани таркиш ҳанӯз мушаххас нашудааст: дар бандари Раҷоӣ 80 дарсад оташ хомӯш карда шуд

Мақомоти эронӣ рӯзи якшанбе хабар доданд, ки дар бандари Раҷоӣ дар минтақаи Бандар Аббоси Эрон 80 дарсад оташ хомӯш карда шуда, 752 нафар захмиён ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.

Бархе расонаҳои дохилии Эрон аз таркидани чанд континери дигар дар рӯзи якшанбе ва хомӯш кардани оташ дар бандари Раҷоӣ хабар доданд. Муҳаммадризо Ризоии Кӯчӣ, раиси Комиссияи Амонат ва раёсати Шурои Маҷлиси Исломӣ, ки низ дар бандари Раҷоӣ ҳозир буд, гуфт, “хомӯш кардани оташ зери назорат аст”, вале “аз он ҷо ки аз мазмунҳои континерҳо иттилоъ надоранд, бо расидани гармӣ ин континерҳо ҳам таркиш мекунанд “ ва ҳоло қисмати нави бандари Раҷоӣ дучори оташ шуд”.

Бо сабаби идома ёфтани таркишҳо ва оташсӯзӣ дар континейрҳои вуҷуддошта дар ин бандар ва афзоиши шумораи захмиён, 10 нафар захмиён ба бемористони Шероз интиқол ёфтаанд.

Мудири амалиёти оташнишонии Теҳрон ҳамчунин, дар рӯзи якшанбе бо ишора ба он ки аз рӯзи гузашта 30 нафар оташнишонҳои пойтахт бо таҷҳизоти оташхомӯшкунӣ ба Бандари Аббос фиристода шудаанд, гуфт: “Ҷинси континейрҳо аз метал аст ва об, ки ба онҳо мерасад, натиҷа намедиҳад. Аз ин рӯ, бояд маводи дохили континейрҳо то охир сӯзад, ки метавон онро аз маҳдуд хориҷ кард. Ҳар навъи модел дар бандари Раҷоӣ вуҷуд дорад ва ҳар моле, ки ба кишвар мерасад, нахуст дар ин нуқта нигоҳ дошта мешавад. Ба ҳамин илова, имкон дорад ҳар маводи кимиёвӣ ва ғайрикимиёвӣ низ дар он бошад. Ҳоло дақиқ намоён нест, ки дуди ин оташсӯзӣ хатарнок аст ё не”.

Ҳамзамон бо изҳори ҳамдардии Созмони Милали Муттаҳид бо аъзои оилаи қурбониён ва осебдидагон хабаргузории “Ассошейтед пресс” ба нақл аз ширкати амнияти баҳрии “Амбри” чунин хабар дод: “Ба назар мерасад таркиш бо сабаби ҳаракати нодурусти бор барои сӯзишвории мушакҳои баллистикии Эрон рӯй додааст”.

Тибқи гузорише, ки шабакаи “CNN” нашр карда буд, дар баҳманмоҳи имсол киштии “Гулбен”, ки ҳудуди 1000 тонна перклорати натрий - моддае, ки барои истеҳсоли мушакҳои пешрафтаи балластикӣ зарур аст, вориди обҳои Бандар Аббос шуда буд. Ин моддаи кимиёвӣ дар саноати мушакии Эрон, махсусан барои мушакҳои Хайбаршикан ва Ҳоҷ Қосим аҳамияти муҳим дорад.

Қаблан, расонаҳо аз интиқоли ду маҳмулаи хатарноки сӯзишвории мушак ба Бандар Аббос гузориш дода буданд.

Гузоришҳои иттилоотӣ нишон медиҳад, ки ин муҳлат барои бахши таъминоти ташкилоти ҷиҳоди худкифоии Эрон харидорӣ шуда, ворид шуданаш метавонад нишондиҳандаи барқарор кардани иқтидори мушакӣ дар Эрон баъд аз ҳамлаҳои Исроил бошад.

Бархе гузоришҳо таъйид мекунанд, ки таркиши бузурги бандари Раҷоӣ эҳтимолан натиҷаи таркиши ин маҳмулаҳои ҳассос бошад. Бо ин ҳол, мақомҳои расмӣ то ҳол пайванди амиқ миёни маҳмулаҳои сӯзишвории мушак ва ин ҳодисаро эълон накардаанд ва гуфтаанд, ки ҳанӯз сабаби дақиқи таркиш мушаххас нашудааст.

Дар пайи таркиши шадиди континейрҳо дар бандари Раҷоӣ Владимир Путин гуфт, ки барои рафъи паёмадҳои он ба Эрон кумак мекунад. Мақомоти рус дар пайи он хабар доданд, ки Русия ҳавопаймоҳои оташнишониашро барои хомӯш намудани оташ ба Эрон фиристодааст.

Козим Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Маскав дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, бо вуҷуди рӯзи истироҳатӣ будан мақомоти ҳукумати Русия ба тамоси онҳо посухи мусбат дода, барои ёрӣ расонидани фаврӣ иқдом намуданд.

Маншаъ ва омилҳои сар задани таркиш ҳанӯз мушаххас нашудааст. Бархе мақомоти эронӣ дар расонаҳо таркиши бандари Раҷоиро тасодуфӣ намедонанд ва ба он ишора мекунанд, ки шояд омили инсонӣ дар рӯй додани он нақш дошта бошад. Бархе расонаҳои Эрон харобкорӣ дар континейрҳоро зикр карда, ангуши ишора ба сӯйи Исроил нишон додаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаи таркиши пейҷерҳо, ки аз сӯйи мақомоти иттилоотии Исроил тарроҳӣ шуд, гумонзаниҳо дар хусусӣ ҳамлаи харобкорӣ ба континейрҳо матраҳ мешавад.

Як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёми таслият ба президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ҳамдардӣ изҳор намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.